Сардорони милисаҳо иваз шуданд

Президенти  Тоҷикистон, сардорони раёсати умури дохилии 23 шаҳру ноҳияи кишварро иваз кард.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, рӯзи 3-юми декабр, аз ҷумла сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзодаву Ваҳдат, Норак, Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ, Муминобод, Конибодом Истаравшан, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштич иваз шуданд.Манбаъ мегӯяд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбе афроди тозатаъйинро ба ҳузур пазируфтааст. Ӯ хостааст, ки сардори шуъбаи корҳои дохилӣ “бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *