САРЕЗ – 108 сола шуд

Кӯли Сарез дар шаби 18 ба 19 феврали соли 1911 дар водии Мурғоб, дар деҳаи Усой аз лағзиши кӯҳ дар натиҷаи заминларзаи шадид ба вуҷуд омад. Ҳоло дар кӯл тақрибан 17 кмЗ об ҷамъ шуда, чуқурии ниҳоии он то 500 метр мерасад. Қувваи заминларза ончунон шадид буд, ки дар Қарокӯл, воқеъ дар 120 километрии маркази заминларза мавҷ яхи моҳи февралии ғафсиаш 80 см – ро ба соҳили шарқии кӯл партофт. Порҳои ҷинсҳои кӯҳӣ то масофаи 34 км аз ҷои лағзиш партофта шуданд. Деҳаҳои Барчидев, Пахор, Савноб, Рухч, Нисур комилан хароб гардиданд ва чун заминларза шаб рӯй дод, талафоти зиёди ҷониро ба бор овард. Дар натиҷаи заминларза 180 нафар, аз он ҷумла, 77 кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рушон, Ишкошим, Хоруғ ва бисёр деҳаҳои воқеъ дар водии дарёҳои Ғунд ва Панҷ низ харобии зиёд ба амал омад. Дар қаламрави Афғонистон, дар Кобул 460 нафар ба ҳалокат расида, дар Қалъаи Явун 240 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тӯдаи сангу гилу хоку шағали бавуҷудомада дар натиҷаи заминларза, ки садди роҳи дарё Мурғоб шуда, деҳаи Усойро фурӯ бурд, номи ҳамин деҳаро гирифт. Оби дарёи Мурғоб босуръат ҷамъ шуда, то моҳи сентябри соли 1911 деҳаи калони Сарез зери об монд ва ин кӯл номи Сарезро гирифт.
Кӯли Сарезро «Аждаҳои Наздиарал», «Бабри хуфта», «Аждаҳои хуфта», «Нозанини хуфта» ва ғайра меноманд…

Мирзошо Ватаншоев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *