Сарфармондеҳ соҳиби Маркази идоракунӣ шуд

Дар Тоҷикистон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ боз шуд.

Ин марказ ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *