Саргузашти Амири Дубай (2)

Падарам муаллими нахустини ман

Падарам, Рашид ибни Саид Ал Мактум аввалин устоди ман буд. Ӯ баландқомат, рӯйи пурожанг дошт, зеро ҳеҷ гоҳ аз хандидан худро боз намедошт. Хатҳои гирди чашмонаш баёнгари ҳашомат ва мартабааш буданд. Овозаш мисли нафаскашӣ ором ва нарм буд. Бо вуҷуди ин, ҳар гаҳе ба гап медаромад, сукунат фазоро фаро мегирифт.

Миёни хотироти зиёд, яке аз лаҳзаҳои хотирмон бо падарам савори аспи ӯ шуданам буд. Ҳанӯз сесола будам, ки падарам ҳар субҳ маро савори асп мекард ва ба гардиш мебурд. Падарам, аспҳо ва Дубай — аввалин хотироти кӯдакии мананд, ки то охири умр дар хотирам боқӣ хоҳанд монд. Аспҳо рамзи ифтихор, ҳисси шарафмандӣ, нармӣ ва неру ҳастанд. Чун падарам. Ҳамчунин, мисли Дубай!

Шайх Рашид ибни Саид Ал Мактум, падари амири Дубай Рашид ибни Саид Ал Мактум

Падарам маро ба мактаб фиристод, то ки хондану навиштан, забону  илм омӯзам. Ӯ маро ба мулоқот ва сафарҳои худ мебурд, то ҷаҳонро беҳтар шиносам.

Аз чаҳорсолагӣ то ҳаштсолагӣ, падарам дар биёбон, бо вуҷуди сахтиҳо, камбуди захираҳо, эҳсоси танҳоӣ дар он ҷо, ки метавонанд инсонро аз худ ба канор андозанд, маро шарафмандона зистанро омӯхт. Ӯ ба ман регҳоро чун варақҳои китоб донистан омӯхт. Ӯ ба ман изи шутурҳоро нишон дод ва гуфт: «Ҳар бедуин метавонад изи шутури худро миёни садҳо изҳои шутурҳои дигар фарқ кунад!».

Ҳангоми наврасӣ падарам шинохтани изҳои оҳу, ақраб, мор, гург, рӯбоҳ ва дигар ҳайвоноти биёбониро омӯзонд. Ӯ мегуфт: «Агар муҳити зист ва муҳити ба ҳайвонот тааллуқ доштаро надонӣ, онҳоро наметавонӣ дарк кунӣ. Ҳамин чиз ба одамон низ дахл дорад. Муҳите, ки онҳо зиндагӣ доранд, метавонад онҳоро фаришта созад ё шайтон. Ту бояд донӣ, ки дар кадом муҳит ба камол расидӣ».

Ӯ қабл аз он ки маро санъати шикори шоҳбоз омӯзонад, аввал бо ғизои шоҳбозҳо — кабӯтарҳо, мушҳои ёбоӣ, инчунин бо дарандаҳое, ки онҳо шикор мекунанд — гургҳо ва бургутҳо ва бемориҳое, ки  онҳоро ба ҳалокат мерасонанд, ошно кард. Барои шинос шудан бо як ҳайвон, ту бояд ҳама хислатҳои он, аз ҷумла рафтор ва хоҳишоташро омӯзӣ.

Мо дар биёбон шабҳои тӯлониро аз сар мегузаронидем. Даме, ки офтоб фурӯ мерафт, гулхан меафрӯхтем. Шабонгоҳ падарам дастур медод, ки гирду атрофро назора кунам, зеро баробари хоб рафтани  одамон, олами дигар бедор мешавад.

Бо дамидани субҳ олами зебое пеши назарҳо боз мешуд. Ақрабҳо оҳиста аз мағокҳо берун меомаданд ва худро ба бистари хоб мезаданд. Сагон шабонгоҳ бо шунидани садои сум ё расидани бӯйи ғизол ба машомашон бедор мешуданд ва ба шикори онҳо мепардохтанд.

Мо бо аниқ кардани ҷои сагон, масофае, ки онҳо тай карда буданд ва баландие, ки аз он барои гирифтани сайд ҷаҳида буданд, муайян мекардем, ки рӯзи дигар ба шикор бароем ё не.

Падарам маро фаҳмонд, ки вақте ҳайвонот мо ва ё ҳамдигарро мебинанд, чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд. Масалан, харгӯш ҷой барои паноҳгоҳ меҷӯяд ва ғизол аз фазои кушода истифода мебарад, то наздик шудани ҳамлагарро бубинад. Вақте ки ҳайвон бо дастони боло бардоштаи пеш меҷаҳад, ин ҳаракати девонаавзо аз наздик будани хатар огоҳӣ медиҳад. Барои дастрасӣ ба ғизо дар биёбон стратегия лозим аст. Падарам одатан мегуфт: «Вақте ки шабро гурусна сипарӣ мекунӣ, дарсҳоро субҳи дигар хубтар азбар мекунӣ».

Пеш аз он ки ҳаштсола шавам, падарам маро тир андохтан, яроқро берун овардан ва тоза кардан омӯзонд. Аз ӯ ман фаҳмидам, ки яроқро беназорат гузоштан ҷинояти сахт аст, зеро он метавонад ба дасти каси дигаре, ки омода нест, биафтад ва ба ин васила, ҳаёти бегуноҳонро аз байн бубарад.

Бо падарам шайх Рашид ибни Саид Ал Мактум

Аз падарам шайх Рашид ибни Саид Ал Мактум омӯхтам, ки чӣ гуна сайди шикоршударо тақсим, гӯштро омода намоям ва муҳимтар аз ҳама, чӣ гуна гӯштро ниҳоят тунук реза ва дар офтоб хушк кунам, то онро барои муддати тӯлонӣ нигоҳ дорам.

Мо барои шикор мерафтем ва тақрибан тамоми ғизои лозимаро ба даст меовардем. Падарам кӯшиш мекард малакаи мушоҳидакориро дар ман бедор созад. Ӯ дилхоҳ вақт, рӯзу шаб маро меомӯзонд. Ман одат карда будам, ки шабҳо аз хоб парида хезам, то дар кадом ҳолату мавқеъ буданамро донам, барои посух ба ҳар саволи ӯ  омода бошам. Дар мошин ӯ аз ман мепурсид, то минтақаро тасвир кунам. Ӯ бо диққат ба гапҳои ман гӯш медод ва ислоҳ мекард, чизҳои хурд, аммо муҳимеро, ки ман фаромӯш карда будам, ном мебурд. Ҳангоми муошират бо дӯстонаш ё сафари шабона, ӯ одатан ба қафо нигариста, ба ман назар меандохт ва мепурсид, ки мо кадом самтро интихоб кунем — шимол, ҷануб, шарқ ё ғарбро?

Падарам ҳама кори лозимаро анҷом дод, то ки ба ман ҳама аломатҳои заминӣ ва кайҳониро омӯзонад. Ситораҳо чун уқёнусҳо қутбнамои биёбонанд. Дар шабҳои абрнок ба мо роҳро бод ва равшании моҳ нишон медоданд. Ӯ мегуфт: «Дар биёбон хеле осон аст, ки раҳгум занӣ. Дар хотир нигаҳ дор, ки барои даста пешво лозим аст, то роҳро нишон диҳад».

Бо гузашти рӯзҳо дар ман ғаризаи зинда мондан ва хондани аломатҳо амиқ реша мегирифтанд ва ба ҳолати табиӣ табдил меёфтанд.

Ман бо омӯхтани изи шутурҳо худро аз раҳгумзанӣ наҷот додам. Баъзе вақт изи ҳайвонот дар регзор назар ба изи инсон тӯлонитар боқӣ мемонад. Умуман омӯзиш аз ҳайвонот роҳи зистан аст.

Бинобар ин, ба касоне, ки дар биёбон зиндагӣ доранд, такаббуру худписандӣ хос нест.

Ман борҳо ҳамсафари бародарони бузургам Мактум ва Ҳамдан дар биёбон будам. Мо ба сафарҳои тӯлонӣ аксар вақт бе захираи хӯрока мерафтем. Онҳо ба роҳнамоии ман дар биёбон бовар доштанд. Зеро ин ҳамаро ман аз падарам хуб омӯхта будам.

(Давом дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *