Саргузашти Оқохони IV
Роҳбари рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони IV 4-уми феврал дар соли 88-уми ҳаёт дар Лиссабон даргузашт. Дар ин бора “Diwan of The Ismaili Imamat” расман хабар дод. Гуфта мешавад, ки Оқохони IV дар Лиссабони Португалия “дар иҳотаи оилааш оромона даргузашт».
Ҷойгузини Оқохони IV кӣ хоҳад буд?
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки роҳбари рӯҳонии навбатӣ алакай интихоб шудааст. Номи ӯро чанд рӯз баъд, ҳангоми хондани васиятномаи Оқохони IV бо иштироки аҳли оилаи Шоҳзода ва як қатор шахсиятҳои бузурги ҷомеаи исмоилӣ эълон мекунанд.
Бо қалби тилоӣ
Маҷаллаи Paris Match ӯро «Имом бо қалби тилоӣ» номид.
Шоҳзода Карим Оқохони IV 49-ум имоми ҷамоати исмоилиёни низории шиъа дар ислом аст ва аз ҷониби Фотима насли мустақими Паёмбар Муҳаммад (с.а.) ҳисобида мешавад.
Оғохони IV 13-уми декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шудааст. Ӯ писари калонии шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон мебошад.
Пас аз гирифтани таҳсил дар Швейтсария ва донишгоҳи Ҳарвард, ӯ соли 1957 ҳамчун вориси Имомати мазҳаби исмоилиёни низориён дар синни 20-солагӣ аз ҷониби бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони III интихоб шуд.


Ҳамсар ва фарзандони Шоҳзода Карим
Шоҳзода Карим ду маротиба оиладор шудааст. Дар соли 1968 шоҳзода ба модели англис, духтари афсари артиши Ҳиндустон Салли Крайтон-Стюарт ошиқ шуд. Худи ҳамон сол ӯ бо вай издивоҷ кард. Пас аз издивоҷ вай Бегим Салима ном гирифт. Онҳо се фарзанд доранд, шоҳзода Раҳим Оғохон, шоҳзода Ҳусейн Оқохон ва шоҳзода Заҳро Оғохон. Аммо соли 1993, пас аз 25 сол, издивоҷи онҳо барҳам хӯрд.

Соли 1995 шоҳзода бо шоҳзода Габриэле-су-Лейнинген, зодаи Олмон издивоҷ карда, вай номи Бегим Инораро қабул кард ва шоҳзода Алӣ Муҳаммадро таваллуд кард. Аммо пас аз 6 сол ин издивоҷ низ барҳам хӯрд.
Имрӯз фарзандони Оқохон ба манфиати имомат кор мекунанд. Шоҳдухтар Заҳро Департаменти таъминоти иҷтимоиро роҳбарӣ мекунад. Шоҳзода Раҳим директори иҷроияи Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ мебошад ва шоҳзода Ҳусейн дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад.

Эътирофи ҷаҳонӣ
Шоҳзода Карим Оқохони IV соҳиби сарвати зиёд, қалъаҳо, ҳавопаймоҳои шахсӣ, яхтаҳо, корхонаҳо ва соҳиби мартабаи “Имом” буд, аммо ба ягон қаламрави сиёсӣ алоқамандӣ надорад.
Ҷаҳон дар ҳайрат аст, ки чӣ гуна ӯ тавонист як қатор мухолифатҳо, аз қабили мухолифати рӯҳонӣ ва моддӣ, масеҳият ва мусулмонӣ, Шарқ ва Ғарбро муттаҳид бисозад.
Ҳамин аст, ки ӯро ҷомеаи ҷаҳон эътироф кардааст.
Соли 1957 пас аз марги Оқохони III ӯ унвони “Оғохони IV”, яъне унвони Имоми исмоилиёни низориро ба мерос гирифт. Бояд гуфт, ки соли 1830 ҳокими форс Фатҳ-Алишоҳ бори аввал унвони “Оқохон”-ро ба Имоми 46-уми исмоилиён Ҳасан Алишоҳ дода буд. Шоҳзода Карим Оқохони IV Имоми 49-умини исмоилиёни ҷаҳон мебошад.
Соли 1957 Маликаи Бритониё Елизаветаи II ба ӯ унвони «Ҷаноби Олӣ» ва соли 1959 Шоҳаншоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ба ӯ унвони «Шоҳзода Ҷаноби Олӣ»-ро дод.
Соли 1887 генерал-губернатори Ҳиндустони Бритониё граф Дафферин ба Оқохони IV унвони “Шоҳзода”-ро ба нишони миннатдорӣ барои хидматҳои ба Бритониё дар ҷанги Афғонистон дар солҳои 1841-1842 кардааш эътироф кард.
Ҳамчунин, Оқохони IV аз давлатҳои гуногун мукофотҳои зиёди ҳукуматӣ дорад, соҳиби дипломҳои фахрии донишгоҳҳои калонтарини ҷаҳон мебошад.
Кумак ба башарият
Шоҳзода Карим соли 1967 Фонди Оғохонро таъсис дод. Аз соли 1976 ҷоизаи Оғохон оид ба хоҷагии қишлоқро созмон дод. Соли 1977 бошад, институти таҳқиқи таълимоти исмоилиёнро ва ҷоизаи Оғохон оид ба меъмориро бунёд гузошт. Аз соли 1983 муассис ва президенти Донишгоҳи Оғохон дар Покистон мебошад.
Шоҳзода Карим муассис ва сарпарасти лоиҳаҳои зиёди хайриявӣ мебошад, ки дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар давлатҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд.
Таҳти роҳбарии ӯ ташкилоти Aga Khan Development Network (АКДН) амал мекунад, ки дар доираи он як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ фаъолият мебаранд.

Мақсади асосии ташкилоти “Бунёди Рушди Оғохон” баланд бардоштани сифати зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташкилот асосан дар кишварҳои Осиё ва Африқо фаъолият намуда, кӯшиш мекунад, ки сифати зиндагии онҳоеро, ки ба кумак ниёз доранд, новобаста аз эътиқоди онҳо беҳтар гардонад. Оқохон зиёда аз 60 сол дар пешрафти ин ташкилот саҳмгузор буд.
Оқохони IV ва Тоҷикистон
5-уми феврал Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Девони имомати исмоилия дар робита ба даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони IV номаи таслият равон кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба наздикону пайвандони марҳум изҳорӣ ҳамдарӣ баён карда, гуфтааст, ки ӯ «бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо карда, соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст».
Президенти кишвар саҳми Оғохони IV-ро дар пешбурди ҳамкории созанда бо Тоҷикистон таъкид кардааст.
«Бо изҳори хотироти нек ва эҳтиром нисбати марҳум таъзияву таслият ва ғамшарикии амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони ӯ иброз намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил хоҳонам»,- гуфтааст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан, Оғохони IV бо Тоҷикистон робитаи зич дошт, зеро аксари сокинони Бадахшони Тоҷикистон пайравони мазҳаби Исмоилия ҳастанд ва Шоҳзода Карим Оқохони IV-ро раҳбари рӯҳонӣ медонанд. Оғохони IV борҳо бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, чанде аз иншоот, аз ҷумла пули пайвандгари Тоҷикистону Афғонистонро бар фарози дарёи Ому ба истифода додааст.
Ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, сафару ёриҳои Оқохон ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангӣ шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавзеъгирии сиёсии ӯ ба пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоидат кардааст.
Сафари охирини ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2012 сурат гирифт.
Шабакаи Рушди Оғохон беш аз сӣ сол боз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро амалӣ мекунад. Саҳмияи ширкати мобилии “Tcell”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ ва меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе ба он марбут дониста мешавад.
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ