Сари баланду пиндори нек. Ба пешвози 85-солагии Саидҷафар Қодирӣ

   Бо як ҳисси масъулияти баланд сари миз нишастам, то суханоне шоистаи бузургии устоди арҷманд Саидҷаъфар Қодириро ба рӯи қоғаз оварам. Дарҳол дарк кардам, ки ин кори осон нест: чунин шахсияти нодирро бо суханони қолабӣ ва андешаҳои одӣ тасвир кардан норавост. Солҳои дароз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки рафтор ва кирдори устод ҳамеша ба самтҳои тозаи таҳқиқот, усулҳои инноватсионии таълим, ва тарзи ғайриодии муносибат бо шогирдон равона буд. Устод бо диди хос ва муҳаббати самимӣ ба атрофиён тавонистанд ҳудуди қолабҳоро шикананд ва роҳҳои навро боз кунанд. Пас, ҳар сухане, ки дар бораи эшон гуфта мешавад, низ бояд саршор аз рӯҳияи эҷодкорӣ ва адолати маънавӣ бошад. Беҳтарин роҳи ибрози ин эҳтиром, ба рӯи қоғаз овардани хотираҳои арзанда ва ҳидоятбахши он рӯзгор аст.

      Устод Саидҷаъфар Қодирӣ барои ман на танҳо омӯзгори фанни «Физикаи ҳаста,» балки раҳнамое дар роҳи маърифат ва хирад буданд. Ин қисми физика, ки ҷавонтарин шохаи он маҳсуб меёбад ва то ҳол бисёре аз масъалаҳояш ҳалли худро наёфтааст, ба омӯзгоре ҷасорату маҳорати хосро тақозо мекунад. Устод Қодирӣ ин рисолати сангинро бо масъулият ва дилгармӣ ба дӯш гирифта, онро бо сатҳи олӣ ва шавқу ҳаваси бемисл таълим медоданд.

   Дарсҳои устод на танҳо дар бораи дониш, балки дар бораи тарзи дурусти кор бо китоб ва таҳқиқ буд. Ӯ шогирдонро водор мекард, ки ба қавле бо китоб “сӯҳбат кунанд” ва ҷавобҳоро на аз гуфтаи дигарон, балки аз қаъри маъхазҳо пайдо намоянд. Ин равиш шогирдонро ба тафаккури мустақил ва таҳлили амиқ ташвиқ мекард, ки худ як усули беҳтарини таълим мебошад.

     Хусусияти нодири устод – ҳамзамон сахтгир ва меҳрубон будан – як таззоди зебост, ки тамоми зиндагонии ӯро таъриф мекунад. Нисбати беадолатиҳо бо суханони ҷасурона баромад мекарданд, нисбати камбудиҳо дар истилоҳшиносӣ бо қалами сахт менавиштанд, вале дар муҳокимаҳо ва муносибат бо шогирдон ҳамеша бо меҳрубонӣ ва бурдборӣ рафтор мекарданд.

      Сахтгирии устод дар талаботашон возеҳ буд, аммо барои баҳои қаноатбахш роҳҳои оддию ҳавасмандкунанда низ мегузоштанд: рӯйбардори чандкаратаи дафтари лексия, ё донистани чанд мисра аз осори классикон. Ин таззоди сахтгирию меҳрубонӣ, ки ба инсонҳои бо тинати нек хос аст, на аз заъф, балки аз эҳтиром ва иродаи тарбияи инсони комил маншаъ мегирад.

    Ба хотири ман лаҳзаи супоридани имтиҳони фаннӣ ба устод нақш бастааст. Назди устод нишастаму шурӯъ кардам ба ҷавоби саволи якум-хосиятҳои қувваҳои ҳастаӣ. Ин савол яке аз хосиятҳои қувваҳои ҳастаӣ — кӯтоҳтаъсирии онҳоро дарбар мегирифт. Ин хосиятро ном гирифтам. Устод сабабашро пурсиданд, медонистам, лекин дар ҳамин лаҳза фаромӯш шуд. Бо чанд роҳу мисолҳо хостам аз ин вазъият бароям –нашуд. Ҷавоби ман устодро қонеъ накард. Дар дафтарчаи худ чанд ишораи ба ман нофаҳмо гузошта, манро ҷавоб доданд. Хестаму назди дар расидам ва як поям беруни синфхонаю пои дигар дохили он гаштаму гуфтам: “барандаи ин қувва кӯтоҳумр аст!”. Устод лабханд карданд. Одати аҷоиб доштанд, ҷамбасти имтиҳонро дар охир эълон мекарданд. Маълум шуд, ки ба ман баҳои «аъло» гузоштанд. Вақте худ устод шудам, фаҳмидам, ки баҳо нисбист ва дар баҳогузорӣ бояд хато нашавад, ки ин яке аз принсипҳои бунёдии муносибати байни устоду шогирд мебошад. Устод бо ҳама сӯҳбат мекарданд, хулоса мебароварданд ва баъд баҳогузорӣ мекарданд. Аҷоиб он буд, ки дар имтиҳон метавонистед бо дафтари лексияву китобҳо биёед ва аз онҷо истифода баред. Барои устод муҳим он буд, ки шогирд бо китоб кор карда, дарки маънии дурустро ёд гирад. Ин ҳама дарс буд, ки дар оянда ба ман хеле зарур шуд.

   Бо амри тақдир ба яке аз донишгоҳҳои Маскав (МИФИ) интиқол ёфтам, аспирантураро хатм кардам (дар Институти физикаи ба номи Лебедеви АИ ИҶШС — ФИАН) ва ба кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ба кор омадам. Устод дар кафедраи физикаи умумӣ дарс мегуфтанду дар озмоишгоҳи физикаи атому ҳаста мизи корӣ доштанд, ки дар ҳамсоягии мо буд. Боз сӯҳбатҳои дуру дурози мо оғоз шуданд. Устод Қодирӣ ҳамроҳ бо П. Нуров ба таҳқиқотҳои истилоҳшиносӣ машғул буданду бо овози баланд сӯҳбат мекарданд ва ман баҳра мебурдам. Суҳбатҳо доир ба забон, истиқлолияти миллӣ, мавқеи мо дар арсаи ҷаҳонии илму маърифат ва ғайра беҳтарин сӯҳбатҳо барои ман буданд.

  Бо гузашти айём соли 2011 мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ таин шудам. Устод дар ин кафедра ба ҳайси дотсент (0.5 баст) кор мекарданд. Ҳамроҳ чанд сол кор кардем. Мисли давраи ҷавонии мо устод серталабу меҳрубон буданд. Талаботҳо нав шуданд: системаи кредитӣ, силлабус, имтиҳони тестӣ ва ғайра. Ҳис мекардам, ки ин мафҳумҳо барои устод бегона ва қобили қабул набуданд. То метавонистам кӯмак мекардам. Дар ин давра аз ҷониби устод беҳтарин баҳоро сазовор шудам. Ҳама медонистанд, ки ба ҷои устод, касе ба шогирдони он кас ҳаққи баҳо гузоштанро надошт. Устод Қодирӣ хавф доштанд, ки принсипи адолати баҳогузорӣ ба шогирдон вайрон мешавад ва дигарон наметавонанд мисли ӯ ин рисолатро анҷом диҳанд. Дар ин замина чандин маротиба байни устод ва ҳамкорон нофаҳмиҳо низ рӯй дода буданд. Рузе устод ба кафедра омаданд ва эълон карданд, ки Барот Махсуд (доимо маро ҳамин тавр ном мегирифтанд) аз ин лаҳза эътиборан ҳаққи ба ҷои ман ба донишҷӯён баҳо монданро дорад. Хама дар ҳайрат буданду ман ифтихор мекардам, зеро ин боварии устод баҳоӣ баланд ба фаъолияти ман буду нишон медод, ки каме ҳам бошад принсипи адолати байни устоду шогирдро риоя мекардаам.

   Устод дар як ҳафта ду рӯз ба кафедра меомаданду доир ба истилоҳоти физикӣ сӯҳбат мекардем. Рӯзе аз устод пурсидам, ки ибораи «неоднозначное решение»-ро «ҳалли духӯра» гӯем мешавад? Ба назарам чунин расид, ки эътибор надоданд. Дарс тамом шуду устод аз бино баромаданд. Садо шуд, тирезаро боз кардам, ки устод сӯям ишора карданд: «беҳтарин».  Тамоми ин фосилаҳои вақт устод пешниҳоди маро таҳлил мекардаанду баъд хулосаи худро гуфтанд.

     Ҳамин тавр, чанд сол ҳамроҳ кор кардем. Як муносибати беодобонаи  корманди тасодуфию муваққатии садорати факултет сабаб шуду устод аз кор рафтанд. Моҳи апрел буд, дарсҳо давом доштанд. Устод ошуфта вориди кафедра шуданду аз рафтани худ хабар доданд. Хостам аз роҳашон гардонам, вале ҳис кардам, ки қарорашон қатъист. Чизе нагуфтаму рост истодам. Устод нигоҳе сӯи ман андӯхтанду гуфтанд: “ман аз ту хафа нестам, ту ҳам аз ман наранҷ, зеро ман дигар хоҳиши кор карданро надорам”. То беруни бино гуселонидам. Баъд аз чанде устодро дидаму аз аҳволашон пурсон шудам. Ман бояд панҷ сол пештар аз ин кор мерафтам, иброз доштанд он кас.

    Солҳои тӯлонӣ ситорае дар тирашаб будан кори мушкил аст. Рӯзе мерасад, ки бояд қароре қабул кунӣ. Ё мисли дигарон ба маҷро дароию равона шавӣ ба сӯи номуайяниҳо, яъне аз баҳри ҳама принсипҳою орзуи тарбияи инсони комил гузарӣ ё ба қисми дигари коинот равию дар радифи бузургони дигар нурпошӣ кунӣ. Устод роҳи дуюмро интихоб намуданд. Рафтанду даст заданд ба масъалаҳое, ки таърихи ҳазорсола доранду дар ҳазорсолаҳои пасин ҳалли худро меёбанд: тарбияи инсони комил. Дар дасти ман тӯҳфаи устод- «сураи Юсуф», ки устод бо лаҳни хуби модарӣ омода кардаанд. Бо рафтори худ атрофро хостанд пок созанд, ки нашуд ва мумкин аст рафтори бузургони гузашта барои тарбияи инсони комил ёрӣ диҳад. Ба устоди арҷманд дар ин роҳ комёбӣ мехоҳем.   

         Гуфтор бо худ.

         Савол: Чӣ тавр бояд зист, ки дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ сарат хам нашавад?

         Ҷавоб:  Ба ҳар чизе, ки Худо додаст хиёнат накунӣ.

         Савол:  Меъёри фарқунанда дар ин масъала чист ?

         Ҷавоб: Он чизеро, ки имкони интихоб карданро надорӣ Худо додааст.

         Савол: Яъне?

         Ҷавоб: Падару модар, хохару бародар, ватан, забон, дин ва амсоли инҳо.

         Пеши назар боз симои устод меояд, ки беҳтарин мисоли ин андешаҳо мебошанд.

         Гуфтор бо худ.

         Савол: Кадом фардро хушбахт гӯянд?

         Ҷавоб: Фардеро, ки пиндори нек дорад.

         Устод Саидҷаъфар Қодирӣ фарди хушбахт мебошанд.

  Ҳар боре, ки устодро дар ҳамоишҳои илмӣ мебинам, доимо дар ҳалқаи олимони ҷавон қарор гирифта сӯҳбат мекунанд. Чавононе, ки аз чашмашон алангаи меҳри самимӣ ба устод ҳувайдо мебошад. Бале, реша дар об аст. Рӯзе расад, ки сафи сарбаландони дар дил пиндори нек дошта зиёд шаванду ин миллат ба ҷои зебдоштаи худ дар ҷаҳон баргардад.  

  Бобоям дуо мекарданд; «Худованд оқибати коратро хайр гардонад». Имрӯз устод, ки дар зиндагӣ мушкилоти зиёдеро паси сар кардаанд, дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва аберагон зиндагие доранд, ки ҳар шахс орзуи онро дорад. Ин зиндагинома исботи он аст, ки агар бо сари баланду пиндори нек ба касби тарбияи инсони комил машғул шавӣ ҳатман аз роҳи тайкардаи худ ризо мешавӣ.

  P.S. Мафҳуми принсипи адолати байни устоду шогирд норӯшан монд. Ин сабаб дорад. Ҳар нафаре роҳҳои худро дорад ва муҳим дар ин ҷо дарки он, ки ин чиз ҳаст ва натиҷааш намоён мешавад. Мисли он, ки дар физикаи микроолам мафҳуми «Spin» мавҷуд аст. Натиҷа -тарбияи инсоне, ки сари баланд дораду дар дил пиндори некро ҷой кардааст.

   Мо бошад интизори рӯи чоп омадани натиҷаи заҳмати чандинсолаи устод «Фарҳанги истилоҳоти физикӣ» дар ду ҷилд мебошем, ки тӯҳфаи хубест ба ҷашни 85 солагии устод.

Махсуд Барот Исломзода,

мудири кафедраи физикаи ҳаста, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *