Саркашҳо аз пардохти алимент то 3 сол зиндонӣ мешаванд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 2-юми октябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул кард. Дар он аз ҷумла бар зидди саркашҳо аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, ки аслан ҳадаф аз тағйирот мутобиқсозии Кодекси ҷиноӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон мебошад.
Ӯ афзуд, инчунин ба моддаҳои 177 ва 178-и Кодекси ҷиноӣ иловаҳо ворид шудаанд, ки бар асоси он алайҳи ашхосе, ки барқасдона ба муҳлати беш аз се моҳ аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад: “Барои нафароне, ки қасдан аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҷавобгарӣ дар қисми якум бетағйир мондагӣ, дар он ҷо ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва то 2 сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст, қисми дуюме, ки пешниҳод кардем, агар такроран содир гардад, то 3 сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.
Рустами Шоҳмурод шарҳ дод, ки тағйиру иловаҳо ба хотири ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи вазири адлия айни ҳол 65 ҳазор нафар алиментсупор ба қайд гирифта шудаанд, ки миёнашон нафарони барқасд аз алимент саркашӣ мекардагӣ ҳастанд.
Вазири адлия таъкид намуд, ки солҳои охир қарздорӣ аз ҳисоби алимент зиёд шудааст ва тағйироти мазкур барои ҳалли ин мушкил мусоидат хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ