Сармеъмори Душанбе аз мақомаш барканор шуд (аудио)

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қосим Усмонзодаро аз мақомаш озод намуд.

Қарори барканории Қосим Усмонзода 25 апрели соли равон содир шуд.

Гуфта мешавад, ки Қосим Усмонзода  бо хоҳиши худ аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шудааст. 

Раиси шаҳри Душанбе ба ҷойи Усмонзода дар ин мақом Азизиён Самӣ Солиро таъйин кард. То ин замон Азизиён Самӣ Соли дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» кор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *