Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон зиёд шуд
Соли 2022 ба Тоҷикистон нисбат ба соли 2021-ум 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид карда шудааст.
Дар робита ба ин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз имзо гардидани беш аз сад санади ҳамкорӣ дар соли гузашта ба маблағи умумии 32 миллиард сомонӣ иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки санадҳои ҳамкорӣ дар доираи баргузории форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, ки бо доираҳои сармоягузорию тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ, назири Миср, Белгия, Чин, Туркия, Ӯзбекистон, Корея, Русия, Белорус, Амрико, Арабистони Саудӣ ва форумҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон баргузор карда шуданд, ба мувофиқа расонида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ