Сармоягузори бузург. Дар ҳошияи сафари Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон
Рӯзҳои 22-23-юми август сафари Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Тоҷикистон дар назар аст. Дар ҳошияи ин сафар дар Тоҷикистон алакай чандин чорабиниҳои муштарак баргузор шуданд. Рӯзҳои кинои Қазоқистон бо намоиши силсилафилмҳо, форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҳамоиши илмии олимони ду кишвар аз ин қабиланд.
Шарики боэътимод
Имрӯз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар тамоми бахшҳо босуръат рушд меёбад. Махсусан, ҷониби ду давлат талош доранд, ки робитаи тиҷоратӣ ва сармоягузориро бештар намоянд. “Мо манфиатдорем, ки заминаи ҳамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”,- таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Сарвазири Қазоқистон Олжас Беткенов, ки охири моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуд.
«Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”,- изҳор дошта буд Олжас Беткенов.
Тавре гуфта мешавад, ҳоло дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ дар мадди аввал аст.
Бино ба маълумоти оморӣ, соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди беш аз 1,1 млрд долларро ташкил додааст. Аммо ҷонибҳо ҳамеша таъкид медоранд, ки барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак бояд андешид.
Дар вохӯриҳои расмии Тоҷикистон ва Қазоқистон борҳо аз ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар таъкид мегардад. Яъне, ин соҳаҳои муҳим саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ мебошанд.
150 созишнома дар 30 сол
Дар давоми беш аз 30 соли ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 150 созишнома ба имзо расидаанд. Ин созишномаҳо соҳаҳои муҳимтарин ва самтҳои афзалиятноки ду кишварро фаро мегиранд. Саид Саидов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимод густариш меёбанд.
“Муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои муҳим фаъолона идома доранд. Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ хеле бомуваффақият пеш меравад”,- мегӯяд номбурда.
Ба таъкиди номбурда, яке аз далелҳои муваффақияти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар пешбурди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба — ин ҷойгиршавӣ дар ҷуғрофиёи ягона, ҳамзистии таърихӣ, умумияти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангии халқҳои ду давлат ва таҷрибаи ҳосилшудаи ҳамкории неку дӯстона дар даврони собиқ аст.
“Дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзои «Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» аз 14-уми сентябри соли 2015 гардиши нав ба бор овард. Ин созишнома сатҳ ва сифати эътимоди тарафайнро хеле баланд бардошта, дар низоми робитаҳои ҳасана уфуқҳои нав боз намуд. Тавре аз муқаррароти ин созишнома бармеояд, ҷонибҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва дастгирии ҳамдигар, баҳри рушди ҳамкории гуногунҷанба ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷонибаи ба манфиати куллии халқҳои ҳарду ҷониб комилан ҷавобгӯ саъй намуда, ба татбиқи ҳамаҷонибаи тамоми зарфияти мавҷуда мусоидат менамоянд”,- гуфт номбурда.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият мекунанд. Дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик вуҷуд доранд.
Афзоиши содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон
Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 575 миллион долларро ташкил додааст. Аз ҷумла, содироти молҳои ҷониби Қазоқистон тақрибан 20% афзоиш ёфтааст. Соли 2023 бошад, ҳаҷми гардиши мол 1 миллиарду 148 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил додааст. Дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли гузашта Қазоқистон бо суръати баланд (бо ҳиссаи 13,8 дарсад) дар ҷойи 4-ум қарор гирифт. Яъне, имрӯз Қазоқистон дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон пешсаф аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ду кишвар талош доранд, ки нишондиҳандаро боз зиёд намоянд. Борҳо дар вохӯриҳои расмӣ таъкид гардидааст, ки нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷониба ояндаи наздик то 2 миллиард доллар расонида мешавад.
Сармоягузорони бузург
Ҳоло сегонаи давлатҳои калонтарини сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон Қазоқистон, Чин ва Русия мебошанд. Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш вобаста ба муаррифии дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Қазоқистон беш аз 220 млн доллар, Чин беш аз 130 ва Русия қариб 100 млн доллар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд. Ин маблағест, ки дар як соли гузашта кишварҳои номбурда ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд. Дар маҷмуъ, соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 2,7 млрд долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 114 млн доллар зиёд мебошад.
Қазоқистон бо ин рақам танҳо соли гузашта ҳиссаи намоёни худро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон гузошт ва талош дорад, ки бо Чин баробар шавад. Аммо Чин дар Тоҷикистон бо бунёди корхонаҳои муштарак, роҳҳои транзитӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои корӣ мавқеи намоён дорад.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ки маҳз имтиёзҳои андозӣ ва фазои мусоид барои сармоягузорон имкон фароҳам овардааст, ки нишондиҳандаҳо назаррас шаванд. Ба андешаи соҳибназарон, нисбат ба чанд соли пеш монеаҳои маъмурӣ камтар, инфрасохтори сармоягузорӣ ва низоми мукаммали имтиёзҳои андозӣ ба миён омаданд. Вале ин ҳам кифоя нест. Тоҷикистон талош дорад, ки дар доираи амалишавии барномаҳои рушди саноат барои сармоягузорон сабукиҳоро бештар намояд.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ