Сармоягузории хориҷӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон.

-Роҳбарият ва кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давоми соли равон ба кадом муваффақиятҳои назаррас дар рушди соҳа ноил шудаанд?

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро  баҳри ҷалби ҳарчӣ бештари сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳамоҳангсозии кумаки беруна, суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ равона кардааст.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 14   созишномаи нав ба маблағи умумии 133 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки 39,8 млн. доллари ИМА ё 29 фоизи онҳоро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, лоиҳаи “Барномаи мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст намудани шиддати таъсири он ба баҳри Арал” – 9,0 млн. доллари ИМА, маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва рушди сарчашмаҳои зиндагӣ дар деҳот» — 2,83 млн. доллари ИМА, лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо, марҳилаи 2» – 22,43 млн. доллари ИМА, лоиҳаи «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2» – 19,77 млн. доллари ИМА, лоиҳаи “Нобуд сохтани партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ” – 3,0 млн. доллари ИМА, “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” – 3,5 млн. доллари ИМА, доиҳаи “Бақайдгирии амволи ғайриманқул” –  10,0 млн. доллари ИМА, лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд”- 5,0 млн. доллари ИМА, лоиҳаи “Пурзӯрнамоии инфрасохтори асосӣ барои таъмини усуворӣ ба хатари офатҳои табиӣ”  – 2,50 млн. доллари ИМА ва лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон, қисмати аз ҳайкали Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” – 55,0 млн. доллари ИМА.

Маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда дар умум чӣ миқдор буда, кадом бахшҳои иқтисодиётро дар бар мегиранд ва аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд?

Маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 сентябри соли 2016 аз 71 лоиҳа иборат мебошад, ки маблағи умумии он 22,5 млрд. сомонӣ (2,86 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дода, аз он 9,9 млрд. сомонӣ (1,3 млрд. доллари ИМА) маблағҳои грантӣ мебошанд. Лоиҳаҳои амалкунанда зиёда аз 10 соҳаи гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварро дар бар гирифтаанд.

Фаъолият дар самти ҷалб кардани сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ чӣ гуна аст?

Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли равон  456,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 220,9 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим, 235,4 млн. доллари ИМА қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида мебошанд. Ҳаҷми воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 млн. доллари ИМА ё 7% зиёд шудааст. Дар  даврони Истиқлолият ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 3,7 млрд. доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.

Дар маҷмӯъ, бояд қайд кард, ки дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ ва шартномаи консессияи имзошуда дар маҷмӯъ 13 корхона, аз ҷумла 3 корхонаи бузурги сементбарорӣ, 2 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон, 2 корхонаи бузурги коркарди нафт, 1 корхонаи бойгардонии маъдан, 2 корхонаи бузурги металлургӣ, 1 корхонаи замонавии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, 1 корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, 1 неругоҳи барқии ҳароратӣ ва азнавсозии КВД «Ангишт»  дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохта ба истифода дода мешавад.

Барои татбиқи лоиҳаҳои болозикр ба иқтисоди кишвар зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақим ворид гардида, 5000 ҷойи кории нав муҳайё карда мешавад. Инчунин, бо маблағгузории давлати Қатар лоиҳаҳои «Сохтмони маҷмааи «Диёри Душанбе» бо сармоягузории зиёда наздики 300 млн. доллари ИМА ва лоиҳаи «Сохтмони масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе» бо сармоягузории 85 млн. доллари ИМА рафта истодааст.

— Саҳми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро дар рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва муколамаи давлат ва бахши хусусӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед? 

Бо мақсади мусоидат дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба такмили фазои соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии давлатии он, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2007 таҳти №356 таъсис дода шудааст. Раиси Шӯрои машваратӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Иштироки бахши хусусӣ  дар фаъолияти Шӯро ба таври фаъол ба роҳ монда шуда, Шӯро майдони муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ ба ҳисоб меравад, ки дар кишварҳои минтақа камназир мебошад.

Раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна амалӣ мегардад?

-Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991 Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳамчун мақомоти ваколатдори давлат дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян гардид. Баъд аз шаш сол – 16 майи соли 1997  Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Баъди қабули қонуни мазкур хусусигардонии моликияти давлатӣ қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро дарбар гирифт.

Бо мақсади суръатбахшии ҷараёни хусусигардонӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №486 Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013 тасдиқ карда шуд. Дар ин давра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи ҶСК «Тоҷиктелеком», ҶСК «Телерадиоком», ҶСК «Тоҷикхимпром», КВДҲ «Тоҷик Эйр», КВД «Тоҷикгаз», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ШСХК «Барқи Тоҷик» ва КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тасдиқ карда шуданд.

Дар чунин ҷамъиятҳои саҳомии калон,  ба монанди ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1», «Тоҷиктелеком», «Телерадиоком» ва «Корхонаи кимиёвӣ» шӯроҳои нозирон таъсис дода шудаанд.

Оид ба фаъолияти Кумита дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ чанд сухан мегуфтед?

Ҷиҳати дастгирии рушди фаъолияти соҳибкорӣ соли 2006 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки имруз ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ  фаъолият менамояд.

Бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” қабул гардида, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, шумораи сохторҳои ба раванди бақайдгирӣ ҷалбшуда аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда шуданд.

Бо мақсади рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва баррасии масъалаҳои соҳа то имрӯз дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, ба 12 шӯроҳои навтаъсис бо дастгирии шарикони рушд ёрии техникӣ расонида мешавад, ки ин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат менамояд.

Имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 67%-ро ташкил дода, бахши хусусӣ зиёда аз 64,5%-и шуғли аҳолиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *