Сармоягузорони амрикоӣ ба дидани Роғун рафтанд

Сурат: аз сомонаи БМТ

Намояндагони бонки бузурги сармоягузории “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske дирӯз ба Тоҷикистон омаданд. 

Мувофиқи иттилои  хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла вазъи низоми бонкӣ, ҳайати сармоягузорони ИМА рӯзи 9 апрел ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи сафар онҳо дар ҳамроҳӣ бо муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид намуданд.

Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев
Сурат аз сомонаи БМТ

Гурӯҳи бонуфузи сармоягузоронро дар шаҳри Роғун директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифта, дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

13:20 16 феврал

Маблағи вомбаргҳои дар Аврупо фурӯхташуда ба сохтмони Роғун равона мешаванд

Гуфта мешавад, ҳайати Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske харидорони фаъоли вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Евробондҳо) буда, таҳти идораи худ фондҳои бузургтарини сармоягузории ҷаҳониро дар ихтиёр доранд.

Сармоягузорони амрикоӣ дар Душанбе бо намояндагони Вазорати молияи Тоҷикистон ва кормандони намояндагиҳои Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта Тоҷикистон дар бозори байнулмилалии коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 млн. доллар вомбаргҳои давлатиро фурӯхта, воситаҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд.

Вомбаргҳо аз ҷониби сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидорӣ шуданд. То соли 2025 ба қарздиҳандагон танҳо фоизҳо (7,1 фоизи солона) пардохта шуда, қарзи асосӣ се соли минбаъда (2025-2027) баргардонида мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *