Сармояи Амонатбонк ба 990 миллион сомонӣ расид
Сармояи Амонатбонк соли гузашта ба 990 миллион сомонӣ расид. Дар муқоиса ба соли 2023-юм 15 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 7 феврал раиси Амонатбонк Алиҷон Салимзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, фоидаи софи бонк 140 миллион сомониро ташкил дод. Нисбат ба соли 2023-юм 8,4 фоиз зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки Амонатбонк соли 2024 аз рӯи фаъолияти худ 111 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 19 фоиз зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ