Сармуҳаррири «Овози Самарқанд»: Мо дар канори шумоем бародарони Тоҷик!

Дар портали рӯзномаи “ Овози Самарқанд” “ovozi.uz”  зери унвони “Бародарони тоҷикистонӣ, мо бо шумо якҷоям” маводе нашр гардид, ки сармуҳарри рузномаи “Самарқанд” Баходур РАҲМОНОВ ва Нӯъмон МАҲМУДӢ муҳаррири ин рӯзнома аз номи тамоми тоҷикони Самарқанд ва мардуми Узбекистон ба тоҷикистониён дар робита ба балои каронавирус гирифтон шуданашон ҳамдарди намуда, изҳор менамоянд, ки дар ин рӯзҳои душвор мо канори шумо хоҳем буд бародарони Тоҷик!

Шакли пурраи изҳорот:

“Ҳоло бемории намуди нави коронавирус қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон доман паҳн кардааст. Дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳам аниқ гардидани ин бемории сироятӣ моро бефарқ нагузошт.
Миёни мардум мақоле ҳаст, ки “дӯстонро дар рӯзи душвор мешиносанд” мегӯянд. Дар замири ин ҳикмат маънои бузург ва таҷрибаи амиқи ҳаётӣ ниҳон аст. Дар ҳақиқат, дар ҳаёт рӯзҳо ва ҳолатҳои гуногун ба сар меояд ва дар чунин рӯзҳо танҳо дӯстони ҷонӣ, бародарони ғамхор дар канор мемонанд ва дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Пандемияи коронавирус, ки имрӯз ба сари аҳли ҷаҳон санҷишҳои зиёдро овардааст ва муаммоҳои нав ба навро ба миён мегузорад, барои озмоиши тифоқии байниҳамдигарӣ, дӯстӣ ва фарохдилӣ, ҳамкориҳо омиле гардид. Худоро шукр, ки халқҳои мо дар ин бобат муттаҳидӣ, дӯстӣ, бародарии байни ҳамдигарро нишон дода метавонанд. Исботи инро дар ҳамдардии тоҷикистониён дар даври эпидемияи коронавирус дар Ӯзбекистон, мулоқоти байниҳамдигарии сарварони кишварҳо мушоҳида намудан мумкин аст.
Чанде пеш аз номи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Шумо — ба мардуми ҳамсоя ва бародари тоҷик ёрии дӯстона фиристонда шуд, ки ин исботи амалии рафоқат, ҳамдилӣ ва бародарии мардуми ду кишвари ҳаммарз мебошад. Имрӯзҳо, ки ҳамҷамъияти ҷаҳонӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ба муқобили коронавирус мубориза мебаранд, барои раҳоӣ аз офати вирус ҳама бояд ба ҳам кӯмак кунанд, таҷриба иваз намоянд.
Дар чунин рӯзҳои душвор мо ҳамеша бо тоҷикистониён якҷоя ҳастем. Ғаму ташвиши онҳо, ғаму ташвиши мост, шодиву хурсандии онҳо, фараҳамандиву масрурии мост. Ин сухан беҳуда нест. Чунки, мардуми мо аз замонҳои қадим дар ҳар гуна шароит ва вазъият дастгири ҳамдигар буданд, дӯстона ва аҳлона умр ба сар бурдаанд. Имрӯз ҳам пос доштани анъанаи неки дӯстии байни халқҳо, ҳифзи ин мероси нодир ва ривоҷдиҳии он вазифаи муқаддаси мо дар пеши авлоди оянда мебошад. Мо бояд барои мустаҳкамсозии муносибатҳои байниҳамдигарӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар намоем.
Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон ба масъалаи мубориза алайҳи ин беморӣ, зуд бартараф кардани хавфу хатари он, ки барои аҳли инсоният ба офати умумӣ табдил ёфтааст, эътибори алоҳида дода мешавад. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев бо мақсади пешгирии паст гардидани сатҳи тарзи зиндагонии аҳолӣ дар шароити пандемия чорабиниҳои саривақтӣ ва зудамал андешида шуданд, ки дар натиҷа паҳншавии коронавирус дар мамлакат то ҳадде ҷилавгирӣ карда шуд. Дар мамлакат қариб 80 дарсади гирифторони коронавирус сиҳат гардиданд ва аз ин дард халос шуданд, ки ин яке аз исботи гуфтаҳои мо ба шумор меравад. Дар чунин шароит 8 нафар шифокори пешқадаме, ки дар мубориза ба коронавирус таҷрибаи кофӣ доранд, ба шаҳри Душанбе рафтанд. Онҳо дар пешгирии инфексияи «COVID-19», назорат ва ташкили табобати он ба ҳамкасбони тоҷикистонии худ ёрӣ мерасонанд. Ҳамчунин, барои бартараф кардани ин офати ба чашм ноаён кӯмаки навбатии башардӯстона иборат аз 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дорувориҳои гуногун, хилҳатҳои муҳофизатии тиббӣ, дастпӯшак ва респираторҳо фиристонда шуд.
Дар шароити пандемия ёрӣ ва дастгирии хурд ҳам бениҳоят зарур ва арзишманд аст. Ғайр аз ин, дар рӯзи мушкил дастгирӣ кардани ёру дӯстон, ёвар будан бо онҳо аз арзишҳои хосаи мардуми мо маҳсуб меёбад. Дӯстӣ ва бародарии халқҳоямон, ки ба ҳамин анъанаи нек содиқ монда, барои дар амал нишон додани он мекӯшанд, бешубҳа боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.
Мардуми кишвари бародари Тоҷикистон, ёру дӯстони азиз! Дар даври пандемияи коронавирус, ки рӯзҳои санҷиширо аз сар мегузаронед, мо бо Шумо доим якҷоя ҳастем. Дар чунин вазъият ҳеҷ гоҳ ёрии худро дареғ намедорем. Мо, ки аз азал халқҳои дӯсту бародар ҳастем, бар муқобили ин эпидемия якҷоя мубориза мебарем ва албатта онро дар ҳамҷиҳатӣ бартараф мекунем.

Баходур РАҲМОНОВ,
Сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд”
Нӯъмон МАҲМУДӢ,
муаррихи маъруфи Самарқанд”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *