Сармуҳосиб барои дуздии маблағҳо ва сӯйистифода аз мансаб маҳкум шуд
Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4-уми май хабар дод, ки сармуҳосиби мактаби миёнаи №10-и шаҳри Панҷакент Маҷидов Ҳ. бар асоси моддаҳои 245, қисми 2 ва 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар аз они худ кардани маблағҳои давлат ва сохтакорӣ бо сӯйистифода аз мансаб гунаҳкор дониста шудааст.
Додситонӣ дар шарҳи ин парванда гуфт, “Маҷидов Ҳ. дар давраи фаъолияти кориаш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то моҳи октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнати худашро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон додааас, менигорад Central Asian News
Маҷидов Ҳ. дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронида, минбаъд ин маблағро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба манфиатҳои давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расидааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ