Сармураббии дастаи “Хатлон” истеъфо дод
Аслиддин Ҳабибуллоев — сармураббии дастаи «Хатлон» пас аз нокомиҳои пайдарҳами даста дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон аз мақоми сармурабигии даста истеъфо додааст.
ТВ “Варзиш” бо истинод ба хабари дафтари матбуотии бошгоҳи “Хатлон” хабар дод, ки Аслиддин Ҳабибуллоев аз соли 2020 то ба имрӯз дар вазифаи сармураббии дастаи «Хатлон» фаъолият намуда, бо тими «Хатлон» соли 2020 ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад ва мақоми дуюмро касб намуд. Соли 2022 Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, Чемпионатро дар зинаи чаҳорум ҷамъбаст намуд. Имсол дастаи «Хатлон» зери роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад, ки дар назар аст бозии нахустини хешро санаи 29-уми сентябр бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб доир намояд.
— Дастаи “Хатлон” ба Аслиддин Ҳабибуллоев барои хизматҳои арзандааш дар даста изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ва рӯзгораш барору комёбӣ таманно кардааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ