Сарнавишти Афғонистон чӣ мешавад?

Ҷангиёни Толибон рӯзи 10 август шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон ва субҳи 11 август шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд. Бино ба хабарҳо, Файзобод тақрибан бидуни ҷанг ба Толибон таслим шудааст.

Дар 5 рӯзи охир ҷангиёни Толибон инак марказҳои 9 вилояти Кундуз, Тахор, Сари Пул, Ҷузҷон, Самангон, Нимрӯз, Фароҳ, Бадахшон ва Бағлонро ба даст оварданд ва тавре ба назар мерасад, ҳалқаро дар атрофи Мазори Шариф, шаҳри аз ҳама бузурги шимоли Афғонистон торафт тангтар мекунанд. Бисёриҳо тарс доранд, ки бо чунин суръати пешрафтҳои Толибон Кобул, пойтахти Афғонистон низ метавонад ба дасти онҳо суқут кунад. Ба ин тартиб, марказҳои се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон: Бадахшон, Тахор ва Кундуз ҳоло дар ихтиёри Толибон қарор гирифтаанд.

Бар асоси гузоришҳои расида, нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшон ба самти вулусволиҳои Кишм ва Фархон ақибнишинӣ кардаанд ва ҷангиёни Толибон тақрибан бидуни ҷанг вориди шаҳри Файзобод, маркази ин вилоят шуда, садҳо маҳбусро аз зиндони инҷо озод кардаанд ва биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла биноҳои пулис ва ҳукумати вилоятро тасарруф кардаанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 10 август Толибон аз тасарруф шаҳри Фароҳ, маркази вилояти Фароҳ хабар доданд ва шоми 10 август неруҳои Толибон вориди шаҳри аз лиҳози стратегӣ муҳими Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон шудаанд. Пули Хумрӣ дар як чорроҳаи нақлиётии муҳим ҷойгир шуда, чанд шоҳроҳи асосии Афғонистон, аз ҷумла шоҳроҳи Кобул – Мазори Шариф аз тариқи Пули Хумрӣ мегузарад.
Мазори Шариф, маркази вилояти Балх ва бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, ки онро пойтахти шимол низ ном мебаранд, зоҳиран як ҳадафи умдаи ояндаи ҳаракати Толибон ба шумор меравад. Ҷангиёни Толибон дар атрофи Мазори Шариф сангар гирифта, алакай чанд дафъа барои тасарруфи он талош карданд, вале то кунун муваффақ нашудаанд. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 11 август дар пасманзари суқути Файзободу Пули Хумрӣ ва ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Балх ба Мазори Шариф рафтааст, то бо фармондеҳони ҷабҳаҳои муқовимати зидди Толибон гуфтугӯ кунад.

Ҷангиёни Толибон рӯзи 8 август дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат марказҳои боз 3 вилояти Сарипул, Кундуз ва Тахор: шаҳрҳои Сарипул, Кундуз ва Толиқонро таҳти назорати худ дароварданд. Ҷангиёни ин ҳаракат рӯзи ҷумъа, 6 август шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз ва рӯзи шанбе, 7 август, шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, зодгоҳ ва маҳалли зисти фармондеҳи ӯзбекҳои Афғонистон маршал Абдулрашид Дӯстумро низ ба даст оварда буданд…

“Тоҷикистон” дар шумораи оянда дар мавриди сарнавишти Афғонистон матлаби муфассал нашр хоҳад кард. Интизор бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *