Сарнавишти маликаи “Тоҷикфилм”

Ман ӯро дар саҳни “Тоҷикфилм” дида, ҳамон замон шинохтам. Гулнора Раҳимовнаи мо кам тағйир ёфтааст. Ҳанӯз ҳам резапайкар ва нигоҳаш пурҷозиба аст. Наздик шуда гуфтам: “Салом, Гулнора Раҳимовна!”… Ӯ бо табассуми гарм алейк гирифт.

АГАР ДӮСТ ДОРӢ…

Тамара Яндиева бори аввал дар “Тоҷикфилм” соли 1982 дар филми бадеии «Агар дӯст дорӣ» (коргардон Анвар Тӯраев) пайдо шуд. Бо иҷрои нақши журналист Лола дар дили тамошобини тоҷик маъво гирифт. Баъдан, ӯ соли 1986 дар филми коргардон Абдураҳим Қудусов «Салом, Гулнора Раҳимовна!» нақши муаллимаи мусиқӣ Гулнора Раҳимовнаро иҷро карду маҳбуби ҳамагон шуд.

“Алик Қудусов, — бо муҳаббат ба ёд меорад Абдураҳим Қудусовро – бисёр меҳрубон буд. Сабти филми «Салом, Гулнора Раҳимовна!» дар шаҳри Исфара мегузашт. Мо дар як меҳмонхонаи хурд иқомат мекардем ва наворбардорӣ бештар дар мактаб сурат мегирифт. Кор бо кӯдакон ва муоширати самимии мардуми Исфараро то имрӯз фаромӯш накардаам,” – мегӯяд ӯ.

ПАЙРОҲАИ ЗИНДАГӢ

Тамара Яндиева 23-юми июли соли 1955 дар шаҳри Карагандаи Қазоқистони Шуравӣ дар хонаводаи ингушҳои иҷборан муҳоҷиршуда таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи Санкт-Петербург (1978) буда, аз устодони бузурги ҳунари Шуравӣ — Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Василий Меркурев ва актрисаи маъруф Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Чечену Ингуш Ирина Мейерхолд сабақ омӯхтааст. Номбурда кори худро дар кино аз студияи Осетияи Шимолӣ оғоз кардааст.

Баъдан дар филмҳои “Роҳҳои оташин” (1977-1984, Узбекфилм) нақши Робиа, “Қиссаи кӯҳистон” (1978, Чечену Ингуш) нақши Зара, “Бобек” (1979, Озарбойҷонфилм) нақши Парвин, “Ман бозмегардам” (1980, Озарбойҷонфилм) нақши Шаҳноз, “Соли аждаҳо” (1981, Қазоқфилм) нақши Моҳихонро иҷро кард. Чеҳраи зебо, чашмони шаҳло ва истеъдоди баланди нақшофарӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ дар синамои шӯравӣ шуҳрату обрӯ ёбад.

ҚИССАҲОИ ШАҲРЗОД

Истеъдоди актрисаи маъруф Тамара Яндиева бештар дар филмҳои синамогари бузурги тоҷик Тоҳир Собиров зуҳур кардааст. Коргардони маъруф пас аз он, ки Яндиеваро дар филми “Агар дӯст дорӣ” дид, дарк кард, ки боз як чеҳраи зеборо барои силсилаи филмҳояш аз “Ҳазору як шаб” пайдо намуд.

“Тоҳир Мухторович нахуст маро ба филми “Боз як шаби Шаҳрзод” (1984) даъват кард, ки ман дар он нақши Анора духтари Қарабойи тоҷирро офаридам. Гарчанде коргардони серталаб буд, вале кор бо ӯ бисёр гуворо мегузашт. Ман аз Тоҳир Собиров сипосгузорам, ки маро ба се филмаш даъват кард. Ҳамчун ҳунарманд аз ӯ бисёр омӯхтаам”- ба ёд меорад Тамара Яндиева.

Ҳамин тавр, соле нагузашта, Тамара Яндиева ба сабти филми “Афсонаи нави Шаҳрзод” (1986) даъват мешавад. Ин даъфа ӯ нақши Малика–Усмагулро иҷро кард. Пас аз он ин нақшро дар филми “Охирин шаби Шаҳрзод” низ иҷро намуд.

Ҳунарпеша мегӯяд, ки силсилаи қиссаҳои Шаҳрзоди Тоҳир Собиров дар саросари Шуравӣ шуҳрат ёфтанд ва ба ин васила ба актриса низ маҳбубият оварданд.

ТАРКИ СИНАМО

Пас аз шуҳрати бемисли қиссаҳои Шаҳрзод Тамара Яндиева дар филми бадеии муштараки шуравӣ ва Ҳиндустон “Шаҳзодаи сиёҳ Аҷуба” (1989,) нақши Шаҳноз, дар филми бадеии “Шабе бо Сталин” нақши Сария Лакоба ва дар филми “Бозгашти Хоҷа Насриддин (аз рӯйи асари Т. Зулфиқоров) нақши Ҳанифаро иҷро кард. Вале дар айни авҷи камолоти эҷодӣ аз синамо канор рафт.

Аз Тамара Яндиева сабаб пурсидам, гуфт:

“Ман синаморо бо хоҳиши худ тарк накардаам. Вақте ба шавҳар баромадам, роҳи ман ба кино баста шуд. Мардуми ингуш пойбанди суннатҳои қадимӣ ҳастанд. Гарчанде шавҳари ман қабл аз издивоҷ ваъда карда буд, ки монеи фаъолияти ман дар кино намешавад, вале пас аз издивоҷ қатъиян кор карданамро манъ кард. Дар назди ман шарт гузошта шуд: ё оила ё синамо. Ман оиларо интихоб кардам.”

Пас аз хонадор шудан Тамара Яндиева ба Грозний мекӯчад, вале ҳаводиси солҳои 90-ум дар Чеченистон сабаб шуданд, ки бо хонаводааш ба Маскав кӯчанд. Ҳамин тавр, Яндиева боз ба экран мебарояд, вале на ҳамчун актриса. Ду сол дар ширкати радио ва телевизиони “МИР” ровии барномаҳои хабарӣ буд.

Вале меҳри ҳунар ӯро раҳо намекард. Ҳамин аст, ки соли 1994 дар назди Маркази фарҳангии ингушҳо дар Москва ансамбли “Лоам” (кӯҳ)ро таъсис дод. Ин ансамбли фолклорӣ ва этнографӣ, асосан, сурудҳои халқии ингушҳоро иҷро мекарданд. Дере нагузашта, ансамбл пароканда шуд, вале Тамара Яндиева дар алоҳидагӣ фаъолияти ҳунариашро ҳамчун сарояндаи сурудҳои халқӣ идома дод. Ӯ дар Русия ҳамчун иҷрокунандаи сурудҳои халқии ингушӣ шуҳрат ёфт ва сазовори унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Русия (соли 2023) гардид.

МЕҲРИ ТОҶИКИСТОН

Тамара Яндиева ба Тоҷикистон баъди гузашти 35 сол бо даъвати “Тоҷикфилм” барои ширкат дар Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Тоҷи Сомон” омада буд. Мегӯяд: “Ман бовар надоштам, ки мардуми тоҷик ҳанӯз ҳам маро дар хотир дорад. Вале ҳар куҷо, ки меравам, маро мешиносанд. Ба сабти барномаҳои телевизиониву радиоӣ даъват мекунанд ва бисёр меҳрубон ҳастанд”. Дар посух ба Тамара Яндиева мегӯям: “Охир, шумо актрисаи тоҷик ҳастед!” Аз ин ҳарфам хушаш омад, ки ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва маро оғӯш гирифта, “Ташаккур” гуфт.

“Бисёр хурсандам, ки маро ба Тоҷикистон даъват намуданд. Бароям хушоянд аст, ки студияи “Тоҷикфилм” тағйир наёфтааст. Ҳамон бино, ҳамон гулҳои садбарг, ҳамон чеҳраҳои гарм. Ман беш аз 30 сол аст, ки аз кино канор рафтаам, вале агар нақше аз Тоҷикфилм пешниҳод шавад, ба ҷону дил розӣ мешавам”– мегӯяд, Ҳунарпешаи шоистаи Осетияи Шимолӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Абхозистон, Ҳунарпешаи халқии Ингушистон, Ҳунарпешаи халқии Русия ва ҳунарпешаи кинои тоҷик Тамара Яндиева.

Одил Нозир

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *