Сарнавишти набераи Юлдош-командир

Деҳаи Сарикиштии Боло яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Рӯдакӣ (имрӯз деҳа ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ шудааст) ба шумор меравад. Ин деҳа зодгоҳи муборизи роҳи озодӣ Юлдош-командир аст.

Юлдош-командир ҳамчун сарвари дастаи ихтиёриён дар барқарор намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар ҷануби Тоҷикистон саҳм гузошта, дар мубориза бо босмачиён талош кардааст. Дар баробари корҳои инқилобӣ Юлдош-командир оилаи обод дошт. Фарзанди нахустини ӯ Абдухалил соҳиби 11 фарзанд — 6 писару 5 духтар буд, ки ҳамаро хононда соҳиби касб намуд. Аз ҷумла фарзанди хурдиаш Роҳиларо, ки соли 1964 таваллуд шудааст.

Роҳила баъди хатми мактаби миёнаи №49-и деҳа соли 1981 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи механика-математика дохил шуда, онро соли 1986 хатм намуд. Ҳамон сол бо роҳхати Вазорати маориф дар мактаби миёнаи №53-и деҳаи ҳамсоя ба ҳайси омӯзгори фанҳои математика-физика фаъолияти омӯзгориро оғоз намуда, 12 сол дар ин муассиса кор кард.

Соли 1998 хонаводаи Роҳила Юлдошева ба шаҳри Душанбе ба истиқомати доимӣ меоянд ва ӯ фаъолияти кориашро дар Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома медиҳад.   

Он солҳо ман дар гимназия вазифаи муовини директор оид ба таълимро адо менамудам. Мушоҳида мекардам, ки муносибати омӯзгор Роҳила Юлдошева ба ташкили дарсҳо, иҷрои чорабиниҳои муассисавӣ фарқкунанда аст. Аз ин лиҳоз, аз директори гимназия Раҳмоналӣ Таваров хоҳиш намудам, ки ӯро ба кори роҳбарикунанда ҷалб кунад, зеро шахси қобилиятнок аст.

Соли 2006 маъмурияти гимназия фаъолияти намунавии омӯзгор Роҳила Юлдошеваро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи муовини директор оид ба таълим тавсия дод. Пешниҳоди директори муассисаро бахши маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дастгирӣ намуд.

Омӯзгор дар тартиб додани ҷадвали дарсҳо, ҳисоботҳои оморӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои мутааллиқ ба сарбории омӯзгорон моҳирона амал мекард ва вазифаи худро софдилона иҷро менамуд. Муваффақияти ӯ ҳамчун омӯзгор дар он аст, ки ӯ дар фаъолияти кориаш равишҳои пешқадами таълимро истифода мекунад. Барои мисол, дар соҳаи маориф таълими босалоҳият ҷорӣ шудааст, ки дар он дарсҳои омӯзгор бо роҳҳои гуногун — истифодабарӣ аз плакатҳо, тахтаи электронӣ, компютер, варақаҳои тестӣ ва амсоли онҳо сурат мегирад. Омӯзгори кордон Роҳила Юлдошева дар вақти дарс аз ин шева ба хубӣ истифода мебарад. Ҳамин аст, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намунавӣ мешаванд.

Ҳамчунин, Роҳила Юлдошева таҷрибаҳои кории хешро дар шакли мақолаҳои методӣ нашр кардааст, ки омӯзгорон аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Роҳила Юлдошева дар оиладорӣ низ муваффақ аст. Фарзанди ягонааш Зуҳал соли 2018 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуд. Ӯ ҳоло дар шаҳри Москва пайи анҷоми таҳқиқоти илмӣ аст ва ба наздикӣ унвони номзади илми тибро сазовор хоҳад шуд. Албатта, дар ин роҳ хизмати модараш кам нест.

Соли таҳсили 2021-2022 омӯзгор Роҳила Юлдошева ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кор гузашт. Феълан, ин омӯзгори пуртаҷриба, масъулиятшиносу адолатпеша, ташкилотчӣ ва хоксор муовини директор оид ба таълими ин муассиса аст. Бо шарофати чунин омӯзгор ва ҳамчунин, муовини директори кордон муассисаи таълимии №8 аз ҳисоби шумораи ҷойҳои ифтихории хонандагон дар олимпиадаҳои фаннаӣ дар қатори 10 муассисаи таълимии беҳтарини кишвар қарор дорад.

Хизматҳои 36-солаи Роҳила Юлдошева дар соҳаи маориф бо як қатор сипосномаву ифтихорномаҳо ва нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2012) қадрдонӣ шудааст.

Вале барои Роҳила Юлдошева беҳтарин унвон шогирдони бешумораш аст, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва дар хориҷи кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона кору фаъолият доранд.

Тӯрақул ҶУМЪАЕВ,

собиқадори соҳаи маориф, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *