Сарнавишти талхи зани танҳо
Бо зане дар беморхона вохӯрдам, ки хеле ранҷкашидаву хастаҳол буд. Аз машаққатҳои зиндагӣ қоматаш хам гашта, базӯр роҳ мерафт.
Бо вуҷуди он ки калонсол набуд, дастонаш меларзиданд, асо дошт. Чун дар паҳлуям нишаст, аз аҳволаш пурсон шудам. Оҳи чуқур кашид ва сарнавишташро қисса кард:
«Дар овони мактабхониам яке аз духтарони пешсафи синф будам. Ба хондан завқи зиëд доштам, аммо мактабро хатм накарда, дар синни 17- солагиам бо амри падарам ба шавҳар баромадам. Шавҳарам, ки аз ман даҳ сол калон буд, дар аввал хубу меҳрубон буд. Деҳқонӣ мекард. Дар зимистон кашидадӯзӣ карда, бори зиндагиро каме осон мекардам. Дар пастиву баландиҳои зиндагӣ якдигарро дастгирӣ мекардем. Аммо хушдомонам ва хоҳарони шавҳарам намехостанд, ки мо якҷо бошем. Шавҳарам, ки яккаписар буд, аз ҳамин сабаб бисëр ҳасад мебурданд ва маро азоб медоданд.
Барои вайрон нашудани зиндагиям ба ҳамаи азобу уқубатҳо тоб меовардам. Баъди ду сол фарзанддор шудам, маро хонаи падарам оварданд. Шавҳарам дигар на ба суроғи ману на ба суроғи писараш омад. Вақте писарам думоҳа буд, бемор шудам. Миëнаму пойҳоям пайваста дард мекарданд. Модарам баъд аз як соли хонадориам вафот карданд. Ба худ ва писарчаам янгам нигоҳбинӣ мекунад. Бародаронам маро табобат карда истодаанд, аммо фоида надорад. Чордаҳ сол мешавад, ки асири ҳамин беморӣ ҳастам, чанд маротиба ҷарроҳӣ гузарондам. Бародарам хост, ки дар ин беморхона низ табобат гирам ва маро ҳамроҳии фарзандам ин ҷо овард. Баъде, ки писарам дастëрак шуд, ҳар куҷое барои табобат равам, бо ман аст. Лаззати кӯдакиро начашид. Вақте ҳамсолонаш масти бозиҳои худ ҳастанд, писари ман дар беморхонаҳо овораи модари бемораш аст.
Писарам саволҳои зиëд дорад:
“Чаро ҳама беморон табобат меëбанду шумо не? Чаро ман падар надорам?”. Ҷавоби ин саволҳоро дода наметавонам. Сабаби ҳамаи ин барвақт хонадор шуданам аст…»
Озода Мусоева, донишҷӯи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ