Сарони «бе галстук» дар соҳили баҳри Каспий чӣ мекофтанд?
Дар остонаи нишаст сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар президентҳо дар соҳили баҳри Каспий мулоқот карданд.
Нахустин мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шуд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Қазоқистон, аввалин муколамаи сарони давлатҳо дар фазои ғайрирасмӣ сурат гирифт.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов меҳмононро дар соҳили баҳри Каспий пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти муколамаи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушаххас нашудааст.
Гуфта мешавад, нахст сарони кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон як силсила музокирот дар маркази конгресси Аваза баргузор мекунанд.
Тахмин меравад, ки мавзӯъҳои асосии муколама рушди иқтисодҳо, масоили энержӣ, рушди равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳама сатҳҳо, инчунин вазъ дар Афғонистон хоҳад буд.
Пас аз мулоқот, президентҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи кишварҳои «панҷгона» -и Осиёи Марказӣ дидан мекунанд ва дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои минтақа хӯрок мехӯранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ