Сарони ОМ дар Душанбе. Аз ҳамгироии минтақавӣ то мубориза бо хатарҳои глобалӣ
Рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.
Роҳбарон чӣ мегӯянд?
Дар вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15-уми сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба дурнамои таҳкими ҳамкории судманди гуногунсоҳа байни давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мегарданд.
Дар ин бора дар брифинги матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Имомӣ, дар анҷоми нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин ду чорабинии сатҳи баланд чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар баробари Вохӯрии машваратии сарони давлатҳо дар Душанбе, ҳамчунин 12 ҳамоиши дигар, аз қабили Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ “Иқтисоди диҷитолӣ. Савдои диҷитолӣ ва навоварӣ”, Форуми дувуми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ “Дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар заминаи созгорӣ ба тағйири иқлим дар Осиёи Марказӣ”, Форуми олимони Осиёи Марказӣ, Форуми роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми ризокорони Осиёи Марказӣ, Форуми созмони ҷамъиятии кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд.
“Дар ин вохӯриҳо ҷанбаҳои калидии рушди ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсиву тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд”,- гуфт манбаъ.
Таваҷҷуҳ ба ОМ
Нишасти панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки таваҷҷуҳи абарқудратҳо дар ин авохир ба Осиёи Марказӣ афзудааст. Дар 5 соли гузашта панҷ ҷаласа дар сатҳи гуногун бо ҳузури кишварҳои минтақа баргузор шуд. Дидор дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Амрико — Осиёи Марказӣ дар Остона, Чин — Осиёи Марказӣ дар Сиан, Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ дар сатҳи сарони кишварҳо дар Алмато ва кишварҳои Халиҷи Форс — Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷидда.
Парвиз Муҳаммадзода, сиёсатшинос ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд, ки имрӯз нақш ва мавқеи Осиёи Марказӣ дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. “Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони муосир ба таври воқеӣ мавқеи муҳими стратегиро ишғол менамояд. Минтақа дорои иқтидори бузурги созанда буда, дар оянда метавонад муҳаррики дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад. Дар баробари ин, имрӯз Осиёи Марказӣ оқибатҳои тамоми мушкилоти дар ҷаҳон ба амал омадаро пурра аз сар мегузаронад. Дар шароити воқеияти геополитикии имрӯза, ба назари мо, барои шукуфоии минтақа сулҳу суботи пойдор, дастгирии мутақобила, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак зарур аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф давлатҳои мо тамоми захираҳоро доранд, то ки омили муҳими таъмини субот ва рушди устувори минтақа гарданд”,- гуфт номбурда.
Аз ҳамгироӣ то хатарҳои глобалӣ
Коршиносон нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказиро дар шароити кунунӣ воқеае мешуморанд ва онро барои ҳамгироии минтақавӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Сиёсатшинос Наргиза Мураталиева дар робита ба ин мегӯяд: “Ба назари ман, вижагии дидори машваратӣ нишондиҳандаи устуворӣ ва васеъ шудани теъдоди тарҳҳо ва шаклҳои ҳамкорӣ мебошад. Дувум ин ки иваз шудани ҷойи баргузории нишаст нишонгари он аст, ки панҷ кишвар метавонанд ба тавофуқ бирасанд ва гуфтугӯи баробар дошта бошанд. Сеюм, ин дидор дар шароити печидаи геополитикӣ баргузор мешавад”.
Коршиноси масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён бошад, мегӯяд, ки “таҳкими фазои эътимоди мутақобила дар Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақа мувофиқат карда, нуқтаҳои рушдро ба вуҷуд овард ва ба густариши тавонмандиҳои ҳар як давлат мусоидат намуд”.
Ӯ бар он аст, ки бо роҳандозии мулоқотҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ муҳити ҳамкориҳои дохилиминтақаӣ сифатан беҳтар шуд, ки тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад. Аз ҷумла:
— Ҳамкориҳои сиёсӣ;
— Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ;
— Ҳамкориҳои обию энергетикӣ;
— Ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва транзит;
— Ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ;
— Ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният.
Коршиносон бар онанд, ки дар меҳвари нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироии минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва вазъи Афғонистон қарор хоҳад гирифт.
Аз таърихи нишаст
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (расман — Мулоқоти машваратии сарони кишварҳо) — вохӯрии ҳамасолаи сарони кишварҳои минтақа — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Ташаббуси баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардида буд.
Маъмулан нишаст бонавбат дар яке аз ин панҷ кишвар доир мегардад. Нишасти аввал баҳори соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон, вохӯрии дуюм тирамоҳи соли 2019 дар Тошканд доир гардида, мулоқоти сеюм соли 2020 бояд дар Бишкек баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.
Мулоқот моҳи августи соли 2021 дар шаҳри Аваз (Туркманистон) доир гардид. Вохӯрии навбатӣ тибқи нақша соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ