Сарояндаи машҳур Лолита Милявская гирифтори «омикрон» шуд

Овозхони машҳури рус ва украинӣ Лолита Милявская ба коронавирус мубтало шуд. Дар ин бора овозхони маъруф дар саҳифаи худ дар Instagram хабар дод.

«Хуб аст, ки ман ваксина гирифтаам ва аз ин рӯ, беморӣ дар шакли сабук мегузарад»,- гуфт Лолита ва илова кард, ки гирифтори штамми «омикрон» шудааст.

Ба гуфтаи ҳунарманд, аломатҳои сироятёбияш дар он зоҳир мешаванд, ки сулфа ва садои хиррӣ дорад.

Бо сабаби сироятёбӣ аз коронавирус, намоиш бо иштироки ӯ дар театри “Модерн” мавқуф гузошта шудааст. Сухан дар бораи спектакли «Оиладоршавӣ» («Женитьба») меравад, ки дар он тибқи нақшаи режиссёр Юрий Гримов асарҳои Чехов, Островский ва Гогол ба ҳам пайвастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *