Сарояндаи “Пиёла” ва “Чойи кабуд” 84-сола шуд

Неъматҷон Дӯстматов — Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозингари ҳамешафаъоли Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба синни мубораки 84-солагӣ расид.

Ин ҳунарманди хушном ва овозхони хушкалом санаи 10-уми апрели соли 1938 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Ӯ соли 1955, пас аз хатми мактаби рақами 4-и ба номи Маъдан ба Институти театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва дохил шуда, соли 1960 онро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд (ҳоло Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ) ба кор шуруъ карда, то соли 1962 онҷо ҳамчун ҳунарманд фаъолият дошт. Аз соли 1962 то 1965 дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамроҳ бо ҳунармандони маъруф ва номовари тоҷик, ситораҳои саҳна ва муаррификунандагони миллати тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва Майрам Исоева фаъолият карда, аз соли 1965 то ҳол дар Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Неъматҷон Дӯстматов дар якчанд намоишномаҳо ҳамчун бозингари марказӣ нақш офарида, ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштааст. Соли 1974 Неъматҷон Дӯстматов сазовор ба унвони Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон гардидааст. Замони шуҳрату фаъолияти пурсамараш дар даврони Шӯравист, вале дар замони истиқлолият 10 сол дар Русия зиндагиву кор кардааст.

Бештар бо овозхониву сарояндагиаш ҳам мардум то ҳол дӯст медоранд ва ба маҳфилҳо даъват мекунанд. Сурудҳои пуршунавандааш “Пиёла”, “Чойи кабуд”, “Ёдат барам”, “Хонаободам, куҷоӣ?”, ҳиндӣ ва таронаҳои “Шашмақом” аст.

Ҳамсараш Хосият Дӯстматова, ҳунарманди пуровозаи тоҷик чанд сол қабл вафот карда буд ва соҳиби 5 фарзанди баркамол аст.

Як маҳбубияти ин ҳунарманд асосан дар он аст, ки бо шикастҳои зиёди зиндагониву ҳаётиаш ҳамешаҷавон аст ва дар ин синну солаш пайваста ҳунарнамоӣ мекунад. Яке аз охирин нақшофариаш ҳамчун падари хонавода дар клиптаронаи Дамирбек Олимов бо номи «Омадӣ» сабт шудааст.  Мо ба ин марди ҳунар дар ин рӯзҳои бобаракати рамазонӣ умри дароз ва илҳоми саршори эҷодиро таманно мекунем.

М. ФАРЗОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *