Сарояндаи шинохтаи тоҷик Парда Қосим даргузашт
Парда Қосим, сарояндаи шинохтаи тоҷик дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт. Ба Pressa.tj хабар доданд, ки сароянда як муддат бемор будааст.
Парда Қосимов 13 октябри 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро соли 1965 ба итмом расонда, беш аз сӣ сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд. Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.
Барномааш аз осори шуарои классик ва муосири тоҷик, таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз ва рақсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои Машриқзамин таркиб ёфта, ҳар сурудро бо маҳорати баланд адо мекунад. «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Дилбари панҷӣ», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Муроде талабам», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Дурри ноёб», «Рӯзи доварӣ», «Борҳо гуфтаам», «Гаҳвораи Сино», «Абрӯ мапаррон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Эй дард», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ» барин таронаҳояш ҳаводорони бешумор пайдо кардаанд. Ба баъзе сурудҳо худ оҳанг навиштааст. Ба узбакӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст. Ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.
Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ