Сарояндаи сол Ҷонибек Муродов: Ман аз мухлисонам миннатдорам!
Имрӯз дар дафтари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дипломи “Сарояндаи сол 2021” ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов супорида шуд.
Шариф Ҳамдампур зимни эътои Дипломи ғолиб ва туҳфаи хотиравии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба Ҷонибек Муродов гуфт:
“Ҷонибек фарзанди ҳунарманди бузурги тоҷик, устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов аст ва бо сари баланд пайкори падарро идома медиҳад. Беҳуда мардуми кишвар Ҷонибекро сарояндаи сол эътироф накарданд, зеро ӯ пайваста заҳмат мекашад, сурудҳои тоза ба тоза, нав ба нав сабт карда, санъати тоҷикро дар хориҷи кишвар муаррифӣ мекунад”.
Ҷонибек Муродов пас аз гирифтани дипломи ғолиб гуфт:
“Ин мукофот барои ман хеле ва хеле арзиши баланд дорад, зеро он эътироф ва эҳтироми мухлисонам аст. Ман аз мухлисонам миннатдорам ва пайваста кӯшиш мекунам, ки барояшон содиқона ва софдилона хизмат кунам”.
Ҳамчунин, бо Ҷонибек Муродов суҳбати ихтисосие анҷом ёфт, ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва Ютубканали Pressa.tj нашр мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар бахши “Сарояндаи сол”-и рейтинги “Чеҳраҳои сол-2021”, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор кард, Ҷонибек Муродов ғолиб омад.
Дар номинатсияи “Сароядаи сол” рақобати ҷиддӣ асосан миёни ду нафар овозхон — Ҷонибек Муродов ва Мубориз Усмонов сурат гирифт. Мухлисони ҳар яки онҳо кӯшиш мекарданд, то ҳунарманди писандидаашон овозҳои бештарро ба даст орад. Гоҳ Ҷонибек пештоз мешуд, гоҳ Мубориз. Вале, ахиран Мубориз дар мубориза аз Ҷонибек қафо монд. Ишораву шарҳҳое низ буданд, ки таронаҳои дар соли 2021 сароидаи Ҷонибек Муродов — “Худо ҳаст”, “Бо ҳам” ва “Хеле” лоиқи баҳои баланданд. Дар мавриди Мубориз Усмонов бошад, мухлисонаш аз консерти яккаи ӯ охири соли гузашта дар шаҳри Маскави Русия ёдовар шуданд. Овозхон Сафармуҳаммад Рустам низ соли гузашта консерти аввалин ва яккаи худро дар шаҳри Маскави Русия барпо карда буд, ки ин аз назари респондентҳо ҳангоми овоздиҳӣ дур намонд.
Ниҳоят, овозхон Ҷонибек Муродов соҳиби 3453 овоз, Мубориз Усмонов — 2931 овоз ва Сафармуҳаммад Рустам соҳиби 505 овоз гардида, Ҷонибек Муродов ғолиб дониста шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» охири ҳар сол барои маълум кардани 10 чеҳра аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронад. Имсол низ нашрия тариқи сомонаи Pressa.tj чунин пурсишро роҳандозӣ намуд, ки он тӯли ду ҳафта, аз 15-ум то 31-уми декабри соли 2021 идома ёфт. Аммо, бояд гуфт, ки ин навбат пурсиш ба таври хеле густурда ва баҳснок баргузор гардид. Афкори мардум хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ кошта шуд. Яке эътироз кард, дигаре луқма парофт, яке аз шӯхиву танз кор гирифт, дигаре пешниҳод ироа намуд. Давоми ин ду ҳафта, ки афкори мардум дар бораи раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо ва умуман ашхоси маъруфи ҷомеа пурсида шуд, баҳсҳои шиддатноки хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj фазои маҷозиро гарм нигоҳ доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ