“Сарояндаи сол- 2016” Ҷоиза насиби киҳо мешавад?

Саннаи 30-уми декабри соли ҷорӣ дар толори  Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории «Сарояндаи сол-2016» баргузор мегардад.

Ташкилотчӣ ва муалифи лоиҳа сардабаири ҳафтаномаи “Зан ва Мард” Меҳрафрӯз Неъмонзода ба хабарнигори сомонаи “Тajikistantimes.tj” гуфт, ки мақсад аз ташкили чунин барномаҳои фарҳангӣ интихоби беҳтарин садо, беҳтарин наво ва қадр кардани ҳунармандоне, ки воқеан ҳунар доранд ва дар рушди ҳунари тоҷик саҳмгузоранд, миёни шунавандагонашон муарифӣ кардани онҳост.

Меҳрафрӯз Неъмонзода иброз намуд, ки аз ташкили ин гуна чорабании фарҳангӣ фоидае ба даст намеорад ва мақсадаш танҳо баланд бардоштани фарҳанги миллат, санъати миллат ва муарифии сарояндаҳои муваффақи сол аст.

Дар охир Меҳрафрӯз Неъмонзода қайд кард, ки  овоздиҳии ин лоиҳаозмун тӯлли шаш моҳ дар ҳафтаномаи “Зан ва Мард”идома карда буд ва аз миёни 50 нафар ҳунармандони саҳна, ҳамагӣ 13 нафар интихоб шуданд, ки ғолибонро халқ интихоб намудааст.

Ёдрас мешавем, ки “Сарояндани сол-2016” соати 15-00 дар бинои Филармонияи Давлатии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *