Қариб 7 сол гузашт! Сарраёсати омори Хатлон кай аз бинои “пастак” мекӯчад? (аудио)

Сохтмони бинои маъмурии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2015 оғоз шуда буд, вале бо гузашти қариб ҳафт сол аз замони оғози сохтмон иншооти мариди назар то ҳол мавриди истифода қарор дода нашудааст.
Қурбон Ҳакимзода, роҳбари агентии болозикр дар нишасти матбуотии хеш гуфт, “албатта, солҳои тӯлонӣ шуд, ки сохтмон идома дорад. Вобаста ба масъалаи бино бо роҳбарияти агентӣ суҳбат кардем. Соли 2022 ба истифода дода мешавад”.

Ӯ мегӯяд, ки “сохтмони бино соли 2015 оғоз шудааст. Аллакай қабати дувуми бино оинабандӣ шудааст. Соли 2021 боми бино пурра пӯшонида шуд. Бино бо маблағгузории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2022 сохтмон ба охир расонида шавад”.

Феълан бинои маъмурии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз як иншооти якошёнаи ба қавле “пастак” иборат буда, роҳрави танг дорад. Бино ба мушоҳидаҳои мо, бино солҳои пеш сохта шуда, ба талаботи муосир чандон ҷавобгӯ нест.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *