Сарватманд ва мансабдори тоҷик 50-сола шуд

Имрӯз, 22 ноябр яке аз менеҷерони муваффақ, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир мавлуд дорад. Ӯ 50 – сола шуд.

Номбурда зодаи ноҳияи Дарвоз буда, соли 1992 Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Ӯро дар ҷомеаи кишвар ва доираҳои иқтисодӣ ҳамчун як чеҳраи маъруфу сарватманд ном мебаранд. Чанд иншооти муҳим дар Дарвоз маҳз бо дастгирии ӯ бунёд ёфтаанд.

Шералӣ Кабир аз соли 2005 дар Ширкати алюминийи Тоҷик дар мансабҳои гуногун ва аз соли 2015 раиси Шӯрои мудирони ин ширкат буд.

Айни замон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Ба риштаи илми иқтисод ҳам таваҷҷуҳ дошта, чанд сол пеш унвони профессориро ба даст овардааст.

Доираи наздик ба Шералӣ Кабир мегӯянд, ки айни замон ӯ дар вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар тарҳҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст. Рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла то давраи соли 2025 аз ҷумлаи онҳост.

“Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд”,- таҳкид дошт як манбаъ аз вазорати саноат.

Шералӣ Кабир дар бештари баромадҳои худ вобаста ба пешрафти иқтисоди Тоҷикистон бо дилпурӣ ҳарф мезанад. Ӯ аз ҷумла, дар ҷаласаи парлумон таъкид дошт, ки дар назар аст тавлидот то 2,5 баробар афзоиш ёбаду некӯаҳволии мардум беҳтар гардад.

“Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми “Барномаи саноатикунонии босуръат” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад”, — иброз дошт як манбаъ аз вазорат ба pressa.tj.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *