Сарвазир ба ҳамдардии оилаҳои зарардидаи марз рафт
Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат аз навоҳии марзии ҷумҳурӣ, ки ахиран мавриди зарбаи Қирғизистон қарор гирифтаанд, боздид кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Сарвазир ба манзили қурбониёни даргирии марзӣ рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расонд.
Ҳамчунин, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба хонаи қурбониён рафта, ҳамдардии роҳбарияти кишварро расондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ