Сарвазир  ба истеъфо рафт, то ки президент шавад

Сооронбой Ҷеенбеков, номзади ҳизби ҳокими Сотсиал-демократи Қирғизистон дар интихоботи президентӣ , баъди баргузории охирин ҷаласаи ҳукуматаш дар мақоми сарвазири кишвар ба истеъфо рафт. 

Рӯзи 21-уми август Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон ба ӯ шаҳодатномаи номзади интихоботиро тақдим намуд. Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи охирин кабинаи вазирони Қирғизистон  дар бораи дастовардҳо дар як соли охир гузориш дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат то 6 дарсад афзоиш ёфта, худаш бештар бо мардум кор кард. «Мо тавонистем, ки як ҳукумати наздик ба мардум шавем. Инро ошкоро гуфта метавонем. Дастовардҳои ҳукумат – натиҷаи корест, ки мардум аз мо талаб мекард», — гуфт ӯ. Сооронбой Ҷеенбеков расман номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуд. Ба ҷонибдории ӯ 46 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд ва имтиҳони забони қирғизиро ҳам ӯ бо баҳои 94,6 дарсад супурд. Дар лаҳзаи ба даст гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ ӯ гуфт, ки дар кишвар тамоми шароит барои баргузории интихоботи одилонаву боз фароҳам шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *