Сарвазир: Марз бо Тоҷикистон баста аст

То замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шудааст.

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Маъруфов (Улукбек Марипов) дар мулоқот бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон–Олойи вилояти Ӯш гуфтааст, ки мақомоти Қирғизистан ахиран дар бораи “то замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардаанд.” Ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш дар водии Рашти Тоҷикистон, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, ҳамсарҳад аст.
Раҳбари ҳукумати Қирғизистон, ки ин хабарро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, тафсилоти дигар наовардааст. Вале тасмими бастани марзҳо аз ҷониби Бишкек дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи ноҳияҳои Исфараву Б.Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон аст, ки бо 55 куштаву 240 захмиаш (36 кушта ва беш аз 150 захмӣ – аз тарафи Қирғизистон ва 19 куштаю 87 захмӣ – аз ҷониби Тоҷикистон – пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки умуман пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *