Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов таъйин шуд

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев собиқ роҳбари маъмурияташро Олжас Бектеновро ба мақоми сарвазири ҷумҳурӣ таъйин намуд.
«Бектенов Олжас Абайевич Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон таъйин гардида, аз вазифаи пештарааш озод карда шавад», — гуфта мешавад дар фармони президент.
Чанде пеш дар ҷаласа вакилони Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) бо аксарияти овозҳо ба президент барои тасдиқи номзадии Бектенов ба мақоми раиси ҳукумат розигӣ доданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 феврал президенти Қазоқистон истеъфои ҳукуматро бо роҳбарии Алихон Смаилов пазируфт. Муовини якуми раиси Девони вазирон муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин гардида буд. Ҳамзамон ба аъзои Девони вазирон супориш дода шуд, ки то тасвиби ҳукумати нав иҷрои вазифаҳои худро идома ди

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *