Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад
Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон 29 сентябр ҷиҳати ширкат дар 7-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ҷараёни ҷаласа масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва алоқа, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии об, инчунин фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ мешаванд.
Дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон инчунин баргузории ҳамоиши соҳибкорон ва ҷаласаи Шӯрои корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ