Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон меояд
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари дурӯза вориди шаҳри Душанбе мешавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари расмии Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон 2-юми июл пешбинӣ шудааст.
Сафари Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон бо даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Зимни ин сафар мулоқоти роҳбарони сатҳи олии ду кишвар низ дар назар аст.
Ии нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф пас аз интихоб шуданаш ба маснади сарвазири Покистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ