Сарвазири Покистон Имрон Хон аз мақомаш барканор шуд
— Имрон Хон пас аз пароканда шудани парлумони ин кишвар аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд, вале ӯ то замони таъйини нахуствазири муваққат дар ин мақом корашро идома хоҳад дод,- хабар медиҳад РИА «Новости».
«Дар натиҷаи пароканда кардани Ассамблеяи Миллии Президенти Покистон мувофиқи моддаи 58 (1) якҷоя бо моддаи 48 (1) Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон,… Имрон Аҳмадхон Ниёзӣ фавран кори худро қатъ кард»,- гуфта мешавад дар хабари кабинет.
Дар баробари ин, чунон ки раисиҷумҳури Покистон Ориф Алвӣ гуфт, Хон то таъин шудани сарвазири муваққат дар ин вазифа боқӣ мемонад. Рӯзи якшанбе раисиҷумҳури Покистон бо пешниҳоди нахуствазир парлумони ин кишварро пароканда кард. Ин чанде пас аз он рух дод, ки муовини раиси парлумон Қосим Сурӣ раъйи нобоварӣ ба нахуствазирро рад кард ва онро хилофи моддаи 5-уми конститутсия хонд. Тасмими лағви раъйи нобоварӣ аҳзоби мухолифро хашмгин кард, ки гуфтаанд, аз ин тасмим ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Ба гуфтаи Фаррух Ҳабиб, вазири иттилоот ва радио, интихоботи нави парлумонӣ дар Покистон пас аз 90 рӯз баргузор мешавад. Мухолифин ҳукумати Хонро ба «таваррум ба таври беназорат» муттаҳам карданд, дар ҳоле ки худи Имрон Хон раҳбарони ҳизби мухолифро дар талоши барканории ӯ аз мақом айбдор кард, зеро нахуствазир намехост ба фасоди эҳтимолии онҳо таҳаммул кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ