Муовини Сарвазири Туркманистон ба Тоҷикистон омад
Cубҳи имрӯз муовини Сарвазири Туркманистон Пурли Агамурадов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 28 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад, аллакай сарони давлатҳои Арманистон Никол Пашинян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбаев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Молдова Игор Додон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Россия Владимир Путин вориди пойтахти Тоҷикистон гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ