Сарвазири Ҷумҳурии Туркия низ табадуллоти наҳзатиҳоро маҳкум кард

12 декабри соли равон дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамин тартиб миёни ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти Шарқи Наздик ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ин замина табодули назар сурат гирифт. Мусоҳибон ҳамзамон кушиши табадулоти низомиро аз ҷониби гуруҳҳои террористии ҲНИТ ва Фатҳулоҳ Гӯлен дар кишварҳои ҳамдигар маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои таъмини амният изҳор намуданд.
Ҷонибҳо аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди манфиати ҳамдигар гардиданд. Дар ин замина ду ҷониб азми кишварҳои хешро ҷиҳати то як млрд доллари ИМА афзоиш додани гардиши мол таъкид намуда, соҳаҳои насоҷӣ, энергияи обӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ соҳаҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба хонданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *