Сатҳи об дар “Норак” баланд шуд. Лимит аз байн меравад?
Дар обанбори “Норак” сатҳи об назар ба ҳафтаҳои пеш ҳудуди 0,79 метр боло рафтааст.
Дар ин бора аз Ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои аввали моҳи апрел сатҳи обанбор 857,65 метрро ташкил медод. Аммо ба ҳолати имрӯз он 858,44 метрро ташкил додааст.
Ба иттилои Ширкати “Барқи тоҷик”, тағйирот ҳаст ва ҳолати сатҳи оби обанбор рӯй ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Қаблан сатҳи об аз ҳадди аксар 50 метр камтар буд. Аз ин рӯ, реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ на ҳамеша риоя мешуд.
Пас аз Иди Рамазон ва зиёд шудани боришот сатҳи оби дарё зиёд шуда, аллакай аҳолии шаҳру навоҳии кишвар ҳудуди 8 соат пурра барқ мегиранд. Қаблан аз 4 – то 5-6 соат буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ