Сатр ё кинотеатр?

Аз қадимулайём бибиҳоямон дар сар докаи сафед мебастанд ва он рамзи покию иффати зани тоҷик буд, вале солҳои охир аксари бонувони тоҷик мисли занҳои арабу  турк сатр мепӯшанд ва баъзеашон ончунон ба ин матои сиёҳ худро мепечанд, ки ба ҷуз чашмонашон дигар чизеро дида намешавад. Андешаҳо атрофи занону духтарони сатрпӯш гуногунанд. Яке мегӯяд, ки хонумҳо ба хотири дар назари мардҳо худро покдоман нишон додан сатр мебанданд, дигарӣ  инро танҳо як тақлиди кӯр-кӯрона ба маданияти фарҳанги аҷнабӣ мешуморад, саввумӣ бар он назар аст, ки духтарҳои мо ба қаҳрамонҳои кинофилмҳо тақлид намуда, сатр мепӯшанд. Сару садоҳои бисёре, ки вақтҳои охир дар бораи сатрпӯшон ба гӯш мерасанд, моро ба он водор намуд, ки дар байни мардум атрофи ин мавзуъ назарпурсӣ гузаронем.

Зулхумор:

Мардҳоро ба гуноҳ тела надиҳед!

Ба фикри ман занону духтароне, ки сатр мебанданд, худашон мақсади ҳиҷоб пӯшиданро намедонанд. Ҳадаф аз сатр пӯшидан худро аз чашми номаҳрамон пинҳон кардан аст, вале қисми зиёди занону духтарони сатрпӯши мо худро ончунон орову торо медиҳанд, ки онҳоро аз лӯхтак ё маникени мағозаҳои либосфурӯшӣ фарқ карда намешавад. Вақте чашми мардони номаҳрам ба ин лӯхтакҳои зинда меафтад, аз дилашон чӣ гап мегузараду дар вуҷудашон чӣ хоҳишу эҳсосот пайдо мешавад, тасаввур кардан мумкин аст. Сатрпӯшҳои мо ҳафт кило косметикаро ба сару рӯяшон молида, боиси тавлид ёфтани ҳавасҳои пургуноҳ дар дили мардон мегарданд, ки ин худ гуноҳ аст.  Барои ҳамин ба занону духтарони сатрпӯш гуфтаниям, ки худро ин қадар орову торо дода, баҳудаю беҳуда дар кӯчаю бозор нагарданд. Беҳтараш рӯймоли одии тоҷикӣ пӯшед, вале худотарс, боимон, шармгин ва боиффат бошед!

Акбар, соҳибкор:

Зани сатрпӯшам бо вайбербозӣ маро девона кард

Аз занону духтарони сатрпӯш ёдовар шуда, ба захмҳои дили ман нохун задед. Пас аз адои хизмати модар- Ватан волидонам дар тараддуди хонадор кардани ман афтиданд. Азбаски духтаракони сатрпӯшро худотарсу боимон тасаввур мекардам, бо ҳазорон орзуву умедҳои ширин духтараки сатрпӯшеро таги чашм карда, модарамро ба хонаашон хостгорӣ фиристодам. Падару модари духтар розӣ шуданд ва дар байни як моҳ мо тӯй карда, арӯсро ба хона овардем. Аллакай дар рӯзи сеюми тӯй арӯси сатрпӯш чеҳраи аслиашро нишон дода, чунон нағмаҳое сар кард, ки ҳуш аз сари аҳли оилаамон парид. Занро биҳишти мард мегӯянд, вале зани зоҳиран фариштанамои ман дӯзахро дар чашмам нишон дод. Падару модарамро ҳурмату эҳтиром намекард, нисбати ман нописандӣ менамуд, аҳли оилаамонро ба як пули пучак намегирифт. Ба ҷойи он ки кору бори хонаро кунад, мудом дар дасташ телефон вайберу ватсапу интернетбозӣ мекард. Ҳарчанд кардам, илоҷи ин духтарро бо ягон роҳ наёфтам, на панду насиҳат ба ӯ кора мекард, на гапи сахт, оқибат ҷонам ба лабам расиду занамро талоқ дода, бо вайберу ватсапу интернеташ аз хона рондам. Дилам аз духтарҳои сатрпӯш ях барин хунук шудааст, мурам ҳам, дигар зани сатрпӯш намегирам!

Сулҳия, корманди бонк:

Сатр напӯшидаам, вале…

Дар корхонаҳои давлатӣ сатр пӯшидан манъ карда шудааст ва ман ҳамчун корманди бонк ба ҳиҷоб бастан ҳақ надорам. Дар умрам ягон бор сатр напӯшидаам, барои ҳамин ман дар бораи сатр чизе гуфта наметавонам. Беҳтараш аз онҳое пурсед, ки бо сатрпӯшҳо сару кор гирифтаанд ва баду некашонро медонанд.

Зайниддин:

Духтарҳои сатрпӯш мард шикор мекунанд?

Рӯзи гузашта аз назди бозори “Деҳқон” бо коре мегузаштам, ки баногоҳ духтараки тақрибан 16-17- солаи сатрпӯше дар барам рост шуда аз ман рақами телефон пурсид. Ба сару либосаш назар карда, асабам вайрон шуд, чунки сатр баста, чунон либоси танге пӯшида буд, ки тамоми аъзои баданаш баръало менамуд. Шарм намедорӣ, ки сатр баста ба мардҳо гап мепартоӣ гӯям, дар ҷавоб чунон суханҳое гуфт, ки шок шуда мондам. Мегӯяд, ки магар сатрпӯшҳо одам нестанд, охир мо ҳам нафс дорем, ба мо ҳам оғӯши гарму меҳрубонӣ мефорад… Рафтори ин духтар дили маро аз сатрпӯшҳо хунук кард ва худи ҳамон лаҳза ба модарам занг зада гуфтам, ки сатри ҳарду духтарамро аз сарашон кашида партояд. Бигзор рӯймолчаи тоҷикӣ пӯшанд, вале шарму ҳаё дошта бошанд!

Насиба:

Домод дар наздам шарт гузошт, ки…

Пештар ман духтари замонавӣ будам ва сатр он тараф истад, ҳатто рӯймолча намебастам.  Вақте бо як ҷавон тариқи телефон шинос шудам, бо суханони ширин дили маро ба даст оварда, дар наздам шарт гузошт, ки  агар сатр пӯшам, маро ба занӣ мегирад. Росташро гӯям, танҳо ба хотири бахт сатр бастам. Ҳоло ман дар фотиҳаи он ҷавон ҳастам ва домодшаванда ҳар рӯз дар наздам шартҳои нав ба нав гузошта истодааст. Падару модарам дар ҳаросанд, ки баъди тӯй вай маро ҳабси хонагӣ карда, ончунон ба сатр мепечонад, ки дигар ҳатто чашмҳоямро дида намешавад.

Сафо, муҳоҷир:

Арӯсро бе макияж дида талхакаф шудам!

Ман дар Русия ҳамроҳи арабҳо кор мекардам ва суратҳои зебои хонумҳои сатрпӯшро дида, ҳаваси зани сатрпӯш гирифтан кардам. Баъди ба Ватан баргаштан ин орзуямро ба модарам гуфтам. Волидонам кофта-кофта билохира паричеҳраеро ёфтанд, ки ба фарзанди одамӣ буданаш бовари кас намеомад. Арӯсшаванда сатр дошт ва чунон хушрӯй буд, ки хаёл мекардӣ фариштаи аз осмон фуруд омада аст. Худо ба мо дод гуфта, дарҳол аз паси тӯй шудем. Рӯзи никоҳ аз ман дида домоди хушбахттар дар тамоми дунё набуд, вале дар шоми висол арӯсамро бе макияж дида, талхакаф шудам. Чашмони  кабуди сунъӣ доштааст, қошу миҷгонҳояш низ ориятӣ буда, дар асл як  аҷузаи таппа тайёр будааст арӯси “паричеҳра”-и ман. Мани сода ба чеҳраи лӯхтакмонанди ӯ дил баста, пулу моли бисёреро сарф намуда, бо тӯйи дакаданг ин маккораро ба хона оварда будам, барои ҳамин дилам ба  меҳнатам сӯхта, талоқашро надодам, вале як зарра ҳам дӯсташ намедорам. Барои он ки бо дидани зани аҷузаам табъам вайрон нашавад, барояш косметикаи бисёр мехарам ва таъкид мекунам, ки бе рангу бор дар чашмам нанамояд.

Гулрӯ:

Ба умеди сатр нашавед, бародарон!

Сатрро худованд барои худро аз нигоҳи мардони бегона пинҳон кардани занҳо фармудааст, вале баъзе духтарони сатрпӯши мо чунон корҳои ҳароме мекунанд, ки даҳони кас воз мемонад. Барои ҳамин ман ба падару модарон гуфтаниям, ки духтарам сатр мебандад гуфта бепарво нагарданд. Дар як ҳафта ақаллан як бор телефони духтари сатрпӯшатонро гирифта кобед ва бисанҷед, ки бо киҳо гап мезанаду чӣ корҳо карда мегардад. Албатта ман ҳамаи духтарҳои сатрпӯшро дар назар надорам, вале бероҳаю фоҳишаҳо дар байни сатрпӯшон зиёд шуда истодаанд, ки ин боиси нигаронӣ аст.

Комрон, милиса:

Сатрпӯшҳо дар боғ бисёранд

Баъзан моро барои гузаронидани рейд ба боғҳои шаҳр мефиристанд. Дар боғи Фирдавсию Рӯдакӣ аксари духтаракони ба мулоқоти ошиқона омада сатрпӯш ҳастанд. Вақте мепурсем, ки чаро сатр баста дар боғ бо бачаҳо даст ба даст карда мегарданд, бешармона мегӯянд, ки магар сатрпӯшҳо одам нестанд?! Баъзе духтарҳои сатрпӯш бо чашмонашон одамро зинда ба зинда мехӯранд.

Норинисо:

Зани сатрпӯш шавҳарамро аз ҷогаҳи хобам мебарад

Аввалҳо ман ба занҳои сатрпӯш бо эҳтиром нигоҳ мекардам, вале аз сабаби он ки бемории ҷоғар дорам, худам ҳиҷоб намебастам, чунки нафасам тангӣ карда, дилам бошиддат мезанад, агар роҳи нафасам каме маҳкам шавад. Пас аз он ки як бевазани сатрпӯш шавҳарамро аз роҳ зад, дилам аз сатрпӯшҳо ях барин хунук шуд. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шуда будем, вале маъшуқаи сатрпӯшаш бо ҷодугарӣ мардакамро чунон девона кардааст, ки акнун ман дар назараш мисли хук шумрӯй менамоям. Дар хона нони хӯрдан надорем, вале шавҳари ба доми макри фоҳишаи сатрпӯш афтидаам фикри ду писари гул барин зебоямонро накарда, пули меёфтаашро ба дасти ҳамон аҷуза медиҳад. Бевазани шавҳардузд шавҳарамро шабҳо бо як занги телефон аз ҷогаҳи хобам кашида мебарад. Сатр пӯшидан, агар нишонаи худотарсию покдомонӣ бошад, магар ин зани ҳиҷобпӯш бе никоҳ ба оғӯши марди бегона медаромад? Рӯяшонро сиёҳ карда, танҳо ба хотири дар назари мардҳо зани худотарс намудан сатр мепӯшанду  хонаи чандин зани дигарро вайрон карда, кӯдакони бегуноҳро зиндаятим месозанд!

Фарҳод:

Лайлӣ 12 Маҷнун доштааст

Бо духтаре тариқи интернет шинос шуда будам. Сатр доштанашро дида, ӯро духтараки бошарму ҳаё ва боимон мепиндоштам, вале баъдтар маълум шуд, ки Лайлии зоҳиран худотарс тариқи интернет бо мардони зиёде чақ-чақ карда, 12 Маҷнун доштааст. Ин духтари маккора ман барин ҷавонмардони гӯлу содаи зудбоварро бо ҳиҷобаш афсун намуда, аз ҳисоби онҳо соҳиби зару зевари зиёде мегаштааст. Пас аз ошноӣ бо ҳамин духтар дилам аз тамоми сатрпӯшҳо монда, дигар бо хонумҳое, ки ҳиҷоб доранд, сару кор намегирам. Ман садқаи духтарони кокулдарози тоҷике ҳастам, ки бо рӯймолчаву тоқии чоргулашон ба ҳусни шаҳрамон ҳусни дигар ато намуда, шарму ҳаёи тоҷиконаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва як дилу як дилбар доранд!

Омодасоз: С. Неъматӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *