Саттор Турсун: Ман ин гуна мусулмон будан намехоҳам…

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун шоми 5-уми июни соли 2023 дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт, ки талафоти сангин барои мо тоҷикон буд. Ба хотири гиромидошти руҳи ин абармард ва нависандаи машҳури тоҷик суҳбати чанд сол пеш бо мавсуф анҷомдодаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампурро пешкаши хонандаи гиромӣ менамоем.

Саттор Турсунро дар хонааш ғарқи мутолиаи «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев дарёфтем. Ӯ бо хоҳиши рўзномае мақола менавишт. Мо бидуни омодагӣ наздаш рафтем. Суҳбати мо дар ибтидо парешон буд. Умедворем хонандаи закӣ аз ин парешонӣ маънои барояш зарурро пайдо бикунад.

Матбуоту адабиёт  баёнгари рўҳи замонанд. Мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ё «Дар он дунё»-и Фазлиддин Муҳаммадиев садҳо осори дигареро метавон номбар кард, ки дар замони худ дарди ҳамон вақтро ифода мекарданд. Назаре баён мешавад, ки адабиёти муосири тоҷик аз ҷомеа дур аст. Шояд решаи асарҳои адибони моро мутолиа накардани хонандагонро дар ҳамин мебояд ҷуст?

— Не. Адабиётро имрўз мутолиа накардани хонандаи тоҷик ба нависандаи тоҷик ҳеҷ иртиботе надорад. Ин иртибот дорад ба ҳолати ҷомеа.  Мо аз як сохт ба сохти дигар гузаштем, нав ба капитализм ворид шудем. Аммо дар Ғарб, ки мардум солҳо боз  дар доираи муносибатҳои капиталистӣ зиндагӣ мекунанд, ниёзи маънавии  онҳо аз мо афзунтар аст. Онҳо кайҳост, ки   эҳтиёҷ доранд ба ғизои зеҳнӣ, ҳарчанд хонандаи зиёд надоранд.  Аммо дар мо мардум бештар аз пайи таъмини рўзгоранд…

Шумо гуфтед ҷомеа дигар шуд. Пас, чаро нависандагони мо  дигар нашаванд?

— Нодуруст. Чаро шумо гумон доред, ки нависанда дигар нашудааст? Дар асл худи сохтор комил нест! Асари нависанда ба дасти хонанда намерасад.

Сабаб дар чист?

— Сабаб дар он аст, ки дар матбуот  тарғиби адабиёт вуҷуд надорад, дар телевизион барномаҳои махсуси тарғиби китоб нестанд. Дуруст? Мағозаҳои китобфурўшӣ ба маънои пуррааш нестанд. Ман як бор дар ҳузури Президент гуфта будам, ки имрўза нашриётҳои хусусии моро ҳукумат бояд ба тартиб дарорад, назорат кунад. Онҳо нақши матбааро мебозанд. Пул мегиранду чоп мекунанд, ҳама хому хатала! Модом ки нашриёт шудӣ, вазифаи ту чопи китоби хуб ва таъмини нависанда бо пул аст. Барои ин ту бояд мағоза дошта бошӣ, муҳаррир дошта бошӣ, гоҳо ба нависанда фармоӣ, ки дар кадом мавзўъ асар нависад! Дар замони муосир нашриёт метавонад нависанда созад. Инҳо мехоҳанд ҳамту шинанду хому хаталаро гиранду чоп кунанд. Ман ҳатто ба Президент гуфта будам, ки ба чунин нашриётҳо маблағ ҷудо накунед. Ин як. Дуюм, ин ки таълиму тарбия дар мактаб тамоман дигар шуд. Дар давраи гузариш мактабҳо дуруст кор накарданд, бачаҳо бе муаллим монданд, ҳатто бесавод шуданд, имрўз ҳам ба низом овардани онҳо душвор аст.

Шумо гуфтед, ки нависанда ҳам дигар шуд. Ин дар чӣ ифода меёбад? Кадом асаре дар замони истиқлолият таълиф шудааст, ки фарогири рўҳи замон бошад, монанди «Шоҳнома» мардумро ба қаҳрамонӣ, дифоъ аз Ватан даъват кунад?

— «Шоҳнома» худ аз худ пайдо нашудааст. Асари хуби бадеӣ, чӣ хеле ки даъво мекунанд, дар як моҳ ё як сол пайдо намешавад. Дар замони инқилоби Русия ҳам чунин буд. Мисол, «Обутоб ёфтани пўлод»  баъди чанд соли инқилоб ба миён омад. Барои ҳамин, адиб дар давраҳои ҳассос бештар ба публитсистика сарукор мегирад. Агар худи маро дар назар доред, агарчи чанд асари бадеӣ низ навиштаам, ки аксар хабар надоранд, ҳатто баъзе ҳамкасбонам,  камаш 60-70 мақола навиштаам, суҳбатҳо кардаам. Нависандагони дигар ҳам ин корро карданд.  Ғайр аз ин, асарҳое ҳастанд, ки имрўз ҳам баёнгари рўҳи замонанд. Масалан, «Дар он дунё»-и устод Муҳаммадиев. Аз ў интиқод мекарданд, ки ҳоҷиёнро паст задааст. Чун ҳоло дар хусуси Муҳаммадиев мақола навиштан мехоҳам, ин романро аз нав ва бодиққат хондам. Пай бурдам: Муҳаммадиев чунон эҳтиёткор будааст, ки дар ҷое таҳқир ба кор намеравад.  Агар дар муқоиса ба ин замон бигўем, устод дар ҳаққи ҳоҷиён ҳатто  кам гуфтааст. Чун имрўз мебинем, Хоҷа Ҳофиз дуруст фармудааст: 

Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кор дигар мекунанд!

Мо ба чашми худ ин чизҳоро мебинем. Вақте мегўем мардум китоб намехонад, ақламон намегирад, ки ҳамин асари Муҳаммадиевро аз нав чоп ва тарғиб карда, ба зеҳни хонанда расонем. Ё телевизиони мо, ки вазифаи асосии он аз ҷиҳати маънавӣ тарбия кардани мардум аст, оё ҳар ҳафта ягон барномае дорад, ки масалан, дар бораи чанд китоб сухан равад? Имрўз нависанда чизе наменависад гуфтан комилан нодуруст аст! Дар адабиёти мо, дар ҳамин давра ҳам, ҳатто ҷавонон, дардҳои ҷомеаро гуфтаанд! Мо чун як миллати нуфусаш кам, ҳудудаш кам ба нируҳои бузург, ба артиши бузург такя карда наметавонем. Дар ин олами пур аз тўфон танҳо дар такя ба фарҳанг, дар такя ба илму адабиёт метавонем худамонро дифоъ кунем. Албатта, дар ин соҳа кўшишҳо ҳастанд.  Президенти мо ҳамеша таъкид мекунад, ки адабиётро дастгирӣ лозим. Ҳатто маблағ ҳам мегузаронад, то китоби нависандагон чоп шавад. Ба Академияи илмҳо низ пули зиёд мегузаронад, «Шашмақом» — ро аз нав эҳё кард. Умуман, эътибор ба адабиёт, ҳунар, илм дар ҷумҳурӣ ҳаст. Вале ин кам аст!  Аз боло ташаббус ҳасту поён ағлаб беамал!

Ба фикри шумо, чаро боло кор мекунаду поён гўё хоб аст?

— Шояд дар андешае бошад, ки “ман агар коре кунам,  рафту  ба боло маъқул нашавад». Ана ҳамин «рафту ба боло маъқул нашавад» дар хуни мо ҳаст, яъне, дар ҳадди хуни ғуломӣ! Агар дар хуни мо намебуд, як давлати абарқудрате  чун Сомониёнро ба боди фано дода,  ҳазор соли дигар дар дарбори бегонагон хидмат намекардем. Акнун, ки баробари барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, тасодуфан, соҳиби давлат шудем, бояд онро пайваста таҳким бахшем. Шумо боз мегўед, ки имрўз хонанда китоб намехонад…

Солҳои охир дар миёни чеҳраҳои шинохта ҷавонон идеали худро наметавонанд пайдо кунанд. Чаро? Шояд мо ҳамин гуна чеҳраҳо надорем?

— Чаро? Дорем! Аммо чанд соли ахир одамони обрўманди моро, ҳамин ки вафот карданд, аз пеши дарвозаашон ба тобут метиқонанду мебаранд. Ин расм аз куҷо пайдо шуд?! Мо дар давлати дунявӣ зиндагӣ мекунем ё не?! Чандин бузургон аз байн рафтанд, аммо ба ҷойи он ки дар академияашон, дар иттифоқҳояшон, дар театрашон, дар донишгоҳҳояшон тобуташонро гузоранд, то мардум ба онҳо алвидоъ гўянд, ҷисмашро меоранду зуд ба гўр меандозанд. Дуюм, ҷашни мардони фарзона гузаронда намешавад. Модом ки ҷашн намегиред, 70, 80, 100 — сола шуд гуфта тарғиб намекунед, ҷавонон аз  кӣ пайравӣ  кунанд, ба кӣ тақлид кунанд?! Анъанаҳо аз байн, ки рафтанд, ҳамин гуна хондани китоб ҳам аз байн меравад. Имрўз барои ҷавонҳо на нависанда обрў дорад, на академик, на муаллими мактаб, на китоб.

Шумо дар боло аз хуни ғуломӣ ҳарф задед. Чӣ бояд кард, то ин касофат аз тани мардуми мо берун шавад?

— Мебояд нафареро «аз куҷост?» нагуфта, бе маҳалгароӣ, бе ҷўрабозӣ, ҷиҳатҳои хуби ўро ба эътибор гирифта, ба вай вазифа ва имкон  диҳем, ки андешаҳояшро озод баён дошта, озод амал кунад. Агар аз маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ барин печидагиҳо халос ёбем, мардум ҳатман рушд мекунанд. Он гоҳ фикр карда намешинанд, ки «дар боло» чӣ мегуфта бошанд…

Барои бедории мардум нақши зиёӣ бориз аст. Масалан, ҳаракати маорифпарварии ҷавонбухороиён дар интиҳои асри XIX ва ибтидои асри XX мардумро бедор кард. Дар ин росто шахсияте чун устод Айнӣ зуҳур намуд… Зиёиёни мо имрўз ҳам барои аз карахтӣ берун овардани  мардум бояд ягон кор  кунанд…

— Бо кадом роҳ? Акнун ман ба шумо суол медиҳам.

Ман намедонам, асарҳои дархури замон нависанд… мақола нависанд… умуман, роҳашро ёбанд…

— Менависанд-ку. Ё не…

Шумо каме болотар ишора кардед, ки  вақти зиёд лозим аст, то асаре хуб рўйи кор ояд. Лекин «Қалби Данко»-и Горкий як ҳикояи кўтоҳ асту дар муддати кўтоҳ, дар вақти зарурат эҷод гашт, баёнгари рўҳи замон буд. Дар адабиёти имрўзи мо ҳаст  асаре, ки масалан, торикиро рўшноӣ  бахшад?

— Чизе, ки торикии 1000 — соларо равшан мекунад, дар маҷрои садсола ба вуҷуд меояд. Аз нависанда талаб кардани ин, ки ҳоло ё дар 5 сол асари бузург навис, маънӣ надорад…

Мақсади суоли ман он нест, ки шумо ҳатман чизе ба мисли «Қалби Данко» нависед. Имрўз қисме аз ҷавонони мо, гўё, дар зулмотанд: ифротгароянд, худро ҷоҳилона қурбон мекунанд, дар Ироқу Сурия меҷанганд ва ғайра. Дар рафтори онҳо ҳам рўҳи бегонапарастӣ ҳаст, ҳам торикӣ. Вазифаи адабиёт ё нависанда дар ин ҳолат чист?

— Адабиёти асил, дар ҳар ҳол, чизест, ки филҳол пайдо намешавад. Ҳар воқеаи доғи замон ба мисли кўҳ аст, ки дуртар равед, хубтар мебинед.  Нависанда пас аз гузашти вақт метавонад фарогиртар нависад…

Оё дер намекунад? Нависанда аз замона канда намешавад?

— Ман барои ҳамин гуфтам, ки аз публитсистика истифода кунанд…

Метавонед чанд асари вазндори публитсистиро номбар кунед, ки дар тағйир ёфтани афкори ҷомеа воқеан нақш доштанд? 

— Намедонам, ба ҳар сурат ҳаст, бачаҳо менависанд…

Пас, нест?

— Не, ҳаст!

Бубинед, мо 1000 сол дар ғуломӣ будему  70 сол  тобеи Иттиҳоди Шўравӣ. Имрўз омадем ба ин давра. Баъзе чизҳое, ки дар давраи истиқлолият ба даст овардем, фардои ҷумҳурии моро дигар мекунанд. Сохтмони роҳҳо, «Гулдара», «Нақби Истиқлол», НБО-и «Роғун»… Чӣ асаре дар ин маҷро ба миён омад?  Бигзор публитсистӣ бошад, асари соф бадеӣ набошад…?

— Китобҳои Бахтиёр Муртазоев ё Шералӣ Мўсо. Инҳо бевосита чунин иншоотро меомўхтанд…

Консепсия ё меҳвари асосии адабиёти даврони истиқлолият чист?

— Меҳвари асосӣ бояд ҳастии миллат,  таърихи миллат, покизагии забони миллат, анъанаҳои неки миллат бошад…

Шумо бисёр сухани аҷиб гуфтед, ки меҳвари асосии адабиёт  ҳастии миллат бояд бошад. Чӣ чизе ҳаст, ки имрўз барои ҳастии миллат халал ворид мекунад?

— Ин масъалаи ҷиддист. Ман инро хеле боз андеша мекардам. Хатари асосие, ки имрўз ба миллати мо таҳдид мекунад, пеш аз ҳама, саводи казоӣ надоштани ҷавонон, танг будани назари онҳо, ҳатто ҷаҳонбинии мардуми калонсоли мост. Баъдан, маҳалгаро будани қисме аз аҳли зиёи мо ва  аз ҳад зиёд миллатситоии онҳо. Миллатдўстӣ оғоз мегирад аз ватандўстӣ. Ин бузургтарин чизест, ки бояд дар ниҳоди ҳар инсон бошад. Вақте инсон Ватанро дўст медорад,  ҳамеша барои дифоъ  аз Ватан тайёр аст. Аз ибтидои таърих ҳастии ҳар миллат зери хатар буд. Ана ҳамин ватандўстӣ метавонад миллатро наҷот диҳад. Аммо миллатситоии бебунёд,   худро аз дигар миллатҳо боло гузоштан, миллатҳои ғайрро паст задан,  андешаи бемаънӣ, ки мо таърихи аз ҳама бой дорем, духтарҳои мо аз ҳама хушрўтаранд, шеъри мо оламгир аст гуфтан, баръакс,  касро ба таҷовуз мебарад. Хатарҳо кадомҳоянд? Ҷоҳилиамон, бехабариамон! Имрўз  шояд аз бекорӣ, шояд аз камбудии зиндагӣ бошад, ки  ифротгаройӣ дар дин пайдо шудааст. Ва ин аз ҳама пурхатар аст!

Ҷараёни ифротӣ дар динҳоро ба сатҳи камбағаливу бекориву ҷоҳиливу бемаълумотиву ғайра иртибот додед, аммо ашхосе ҳастанд, ки  маълумот доранд, дар сари мансабанд, қатор-қатор корхонаҳо, манзилҳои зист, мошинҳо, хонумҳо доранд, вале ба ин роҳ мераванд. Мисоли ин  генерал Назарзода аст, ки мақоми  муовини вазири мудофиа дошт. Ба вай эътимод карда буданд, ки Ватанро аз хатар эмин медорад. Аммо ў  Ватанро ба коми хатар кашида, даст ба амале зад, ки боиси марги мардуми бегуноҳ гашт.

— Ман фикр мекунам Назарзода комилан бедониш буд. Шояд баъди вазифа ёфтан диплом гирифтааст. Ба хотири он ки дар мамлакати мо хунрезӣ бас шавад, сатҳи зиндагии мардум баланд равад, ҷангу ҷидол қатъ гардад, ба оштии миллӣ расидем ва 30 фоиз мансабхоҳон  омаданд, вазифа гирифтанд. Мо бояд як чизро дар назар дорем: онҳое,  ки оппозитсия буданду барои мансаб меҷангиданд, аслан парвои мардуми одӣ надоштанд, аксарият бефарҳанг, ҳатто бесавод буданд. Агарчи дар миёнашон нафароне ҳам буданд, ки дониши хуб доштанд. Бефарҳанг гуфтани ман ба он маъност, ки аксари онон аз ҳақиқати кори ҷаҳон огоҳ набуданд. Назарзода ҳам як нафари ҷоҳил, ноогоҳ аз кори ҷаҳон будааст, ки ба  чунин амали нанговар даст зад. Фикр мекунам, ў ҳеҷ гоҳ Ватанашро дўст намедошт. Агар инсони огоҳ мебуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин хиёнат намерафт!

Фикр мекунед, ў дар ин кор танҳо буд?

— Гумон намекунам. Ман пуштибони онҳоро дар тўдаи мутаассибон мебинам. Мутаассибони дохили дини худамон! Дигар, бачаҳои ноогоҳу бекор ва онҳое, ки кўр — кўрона мансаб мехоҳанд!

Гуфтед, ки пуштибони онҳо мутаассибонанд. Киҳоро дар назар доред?

— Алҳамдулиллоҳ, мо қариб якуним ҳазор сол боз мусулмонем. Саволе пеш меояд:  ҳизби наҳзати ислом аз куҷо ва барои чӣ пайдо шуд? Ман инро намефаҳмам… Гарчанде идрок мекунам, ки боз ҳам  барои ҳукумат ёфтан. Умуман, мақсади ҳамаи ҳизбҳои олам ба ҳукумат расидан аст. Лекин агар ба ҳукумат расидан тавассути ситезу овез ва  хунрезӣ бошад, он гуна ҳизб аз бунёди худ самимӣ нест!

Ман инро рўйрост мегўям, ки роҳ додан ба зуҳури чунин ҳизб аз ибтидо нодуруст буд. Албатта, ман намегўям, ки саркўб кардани он лозим буд, таъқиб зарур буд. Аммо дар куҷо  шунидаед, ки дар дохили давлати дунявӣ боз як ҳизби динии ҳукуматталаб вуҷуд дошта бошад? Оқибаташ чӣ мешавад? Ин як! Дуюм, ман  одами золим  нестам, лекин солҳои охир мо ба баъзе рафтору кирдори диндорон зиёда роҳ додем. Мисол, масҷид дар Тоҷикистон аз мактаб зиёд аст. Магар чунин нест?  Магар то дирўз баъзе  муллоҳои чаласавод дар баъзе масҷидҳо ноболиғонро бар зидди муаллиму мактаб  барнамеангехтанд. Хуб шуд, ки масҷидравии мактабиён манъ шуд!

Шояд ҳамин сабаб бошад, ки ҷавонони мо гурўҳ-гурўҳ дар  Шому Ироқ аз ҷониби  «Давлати исломӣ» меҷанганд?

— Банда забони арабиро медонам, Қуръон мехонам, мулоҳиза мекунам. Дар Қуръон  омадааст, ки ҷиҳод кардан мумкин бар зидди куффор,  на бар  зидди миллати соҳибкитоб! Дар як ҷо ҳатто вохўрдам, ки хун рехтан ҳам мумкин аст, ба шарте ки  душман  бар зидди ту бархоста,  ҷонатро дар хатар гузорад. Охир, аз қадим «мўъмин бародари мўъмин» гуфтаанд! Ин тавр бошад, пас чӣ ҳақ доранд зану  кўдак, уламову удабо, мардуми тиҷорату сиёсатро сар буранд? Ман ин гуна мусулмон будан намехоҳам!

Хуб шуд, ки ҳаракати салафиёнро манъ карданд. Салаф  ин «асл» аст. Ба асл баргаштан, яъне чӣ?! Баргаштан ба асри 6-7? Тамоми тайёраҳову мошинҳоро барҳам занем, телевизору телефон набошад, газета нахонем… Ҳамин аст ба асл баргаштан? Оё то ба ин дараҷа ба ботлоқ фурў рафтан мумкин аст?! Ҳол он ки дар ҳадисе омадааст: «Аз гаҳвора то лаби гўр илм омўз!» Вақте  ки меомўзӣ, киштии кайҳонӣ месозӣ, рў ба кайҳон меорӣ, ба асл баргаштан яъне чӣ?! Ҳар ифодае, ки имрўз ба забон меорем, хоҳ салафӣ гўед, хоҳ ваҳҳобӣ гўед ё «Давлати исломӣ», ҳама як  махлути олудаест, ки метавонад ба ҷавҳари поки ислом таҳдид кунад, мисли мазҳаби исмоилия дар асрҳои 12-13. Ҳаракати исмоилия аввал  зиддифеодалӣ буд, аммо оҳиста-оҳиста ба худ нақши террористӣ гирифт. Ҳамон терроре, ки он замон аз истифода ба шамшеру заҳру ханҷар буд, имрўз бо тиру  танку гулўлаҳо сурат мегиад. Қуръони  маҷид ҳам дар ҷое нузул шуд, ки одамгарӣ аз байн рафта буд. Арабҳо ҷаҳолатро ба авҷи аъло расонданд он вақт. Аз ин рў, он давронро «аҳди ҷоҳилия» гуфтаанд. Шояд аз рўйи одат бошад дар оғози ислом ба мардуми мо зулме,  ки арабҳо карданд, на турк раво дида буду на муғул! Аммо ислом танҳо барои миллати араб нест-ку?!

Шумо зикр намудед, ки ҷавонони мо аз дониш дуранд. Чӣ бояд кард, ки онҳо рў ба маърифат оранд?

— Дар ин  роҳ бояд ҳар як шаҳрванд масъулият ҳис кунад. Тарбияи фарзанд аз хона оғоз мешавад, кўдак ба падару модараш тақлид карда, ба воя мерасад. Ман намегўям, ки ҳама ҷавонҳо бесаводанд: мо дорем бачаҳои босавод. Вале аксар фарзандони зираки  моро ба хориҷи кишвар мебаранд  ё худашон мераванд. Давлату ҳукумат ҳамон вақт мустаҳкам мемонанд, ки раъияташон сарҷамъ бошад, доимо дар густариши адолат бошад.  Адолат бошад, решаҳои давлату ҳукумат устувор мемонад, зеро дар ҳама давру замонҳо аз барои адолат размидаанд. Аз ин ҷост, ки мардум мудом аз давлату ҳукумати адолатпеша ҳимоя мекунад…

Дар ин раванд зиёӣ  чӣ нақше дорад? Умуман,аз назари шумо, зиёӣ кист?

— Зиёӣ онест, ки аз олам хабар дорад, дониш дорад ва чизе бигўяд, беҳуда нест, замина дорад. «Зиё» аз арабӣ омада, маънояш  «ну» аст. Зиёӣ ҳамонест, ки метавонад тавассути нур роҳи ҷомеаро равшан созад. Ҳар чизе, ки  менависад, ҳар кашфиёте, ки мекунад, ба нафъи мардум бошад.Зиёӣ касест, ки бешак аз мушкилоти халқ ғам мехўрад, чунки будани худи вай бе ҳамин одамон ягон маънӣ надорад.

Зиёии имрўзаи мо дар шакл гирифтани афкори ҷомеа нақш дошта метавонад?

— «Зиёӣ» гуфта мо мардуми муаллиму табиб, умуман, одами дипломдорро мефаҳмем. Ин нодуруст аст! Мо чандон зиёии ҳақиқӣ надорем. Аммо ҳамон каме, ки ҳаст, нақш дошта метавонад. На ҳама нависандаву шоир,  на ҳама олиму журналист зиёист!

Намунаи олии зиёӣ барои шумо кист? Метавонед номбар кунед?

— Ку  фикр кунем… Аслан, Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи улуми мо, Ҳикмат Мӯъминов – директори Институти физикаи ҳамин даргоҳ, Маҳмадюсуф Имомов – ректори Донишгоҳи миллӣ,   аз олимон боз академик Талбак Назаров, Мўсо Диноршоев, Кароматулло Олимов, ҳунарпешаи маъруф Саидқул Билолов. Боз киро гўем…

Аз он ки бафосила  номбар мекунед, шояд замини  Тоҷикистон зиёихез нест? Шоиру нависандагон чӣ?

— Ҳастанд. Чунин нафарон метавонанд бештар фаъол ҳам бошанд.  Гулназар, Фарзона, Низом Қосим, Абдулҳамид Самад   ва ғайра. Ҳар соҳа баргузидаи худро дорад, мисол, баргузидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ки мардумро  беғараз раҳнамун мешаванд…

Шумо фикр намекунед, ки мардум аз қафои зиёӣ, элита ё чӣ тавре гуфтед, баргузида ва мулло рафтанро бас карданд, зеро як бор, замони ҷанги шаҳрвандӣ, аз дунболашон рафтанду гумроҳ шуданд. Аз пушти мулло ҳам рафтанд, аз қафои шоиру нависанда ҳам рафтанд, оқибаташ торикӣ буд.

— Дар ҳамон майдоне, ки шумо дар назар доред, аз зиёии ҳақиқӣ касе набуд!

Элита буд-ку?

— Шумо киро элита медонед? Онҳо шоирони хуб буданд, адабиётшиносони хуб буданд, аммо аз бунёди худ ҳеҷ гоҳ элита набуданд ва нестанд. Бозичаи  дасти муллоҳои мутаассиб  буданд онҳо! На хоса  шахсият буданд, на интеллигентсияи поквиҷдон! Тоифаи мансабхоҳони дорои ҷаҳонбинии бисёр маҳдуд, ҳатто бештар маҳалгароёни ашаддӣ буданд! Худпараст, ҳатто бемаърифат буданд, вассалом!

Чӣ бояд кард, ки зиёӣ мардумро  аз дунболи худ барад?

— Зиёии ҳақиқӣ  худ аз худ ба мақоме намерасад, ки мардумро раҳнамо бошад. Барои он ки, масалан, чанд нафари арзанда ба шахсият табдил ёбанд, бояд ҳукумат тадбир андешад…

Чӣ гуна?

— Дар замони шўравӣ агар асари беҳамто ҳам меофаридед, то ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ накунад, аз ҷониби Маскав мукофоте намегирифтед.  Муҳаммадҷон Қосимов, Зиёдулло  Шаҳидӣ, Маҳмуд Воҳидов, Ҷўрабек Муродов  ва ғайраҳо пушту паноҳ доштанд дар симои ҳукумат. Мирзо Турсузода, Муъмин Қаноат ва Муҳаммад Осимӣ низ ба шарофати дастгирии ҳукумати давр соҳиби унвону ҷоизаҳои СССР шуданд.  Яъне, ҳукумат роҳ мекушояд, ки як каси, албатта, арзанда ниҳоят шахсият шавад.

Шахсияти воқеан боистеъдод …

— Бешубҳа. Давлату ҳукумат чӣ гуна месозанд? Аз минбарҳо ба кори ў баҳои сазовор медиҳанд, ўро ба фаъолияти ҷамъиятӣ мекашанд, дар ҷамъомаду маъракаҳо табрик мекунанд, ба маҷлисҳои зарурӣ мефиристанд ва ғайра. Ин ҳама ба зеҳни мардум нишаста, шахсиятҳои кишвари худро мешиносанд, аз онҳо пайравӣ мекунанд…

Як чизро бояд иқрор кард, ки ҳукумат аз миёни адибон як — ду нафарро кўшиши сохтан кард, аммо Турсунзода нашуданд-ку?!

— Интихоб нодуруст буд…

Биёед, барои мушаххас шудани савол мисол меорам.  Айнӣ дар гирди худ Улуғзода, Икромӣ ва Турсунзодаро ҷалб намуд. Турсунзода, дар навбати худ, Қаноату Муҳаммадиев, инҳо  шумову Сорбону Кўҳзод, Лоиқу Гулрухсорро сарҷамъ карданд, аммо насли шумо  насли адабӣ насохт. Чаро?

— Суол камтар сатҳист. Дар ҳар як сохтор ҳангоми табаддул то ҳадде хало ҳам ба миён меояд. Дар тамоми дунё ҳамин тавр буд. Як муддат…

Яъне, сабабаш буҳрон гўед?

— Мисли ҳамин. Лекин фикр кунед, «аз ту ҳаракат, аз ман баракат» гуфтаанд. Гап дар ин, ки  устод Турсунзода тавонист аз роҳи кушода хуб истифода карда, шахсият шавад, чунки интихоб дуруст буд. Ин кор ба зўрӣ анҷом намегирад, ба маҳалбозӣ ҳам… Баъдан, талаби сохтор чунин буд, зеро дар он замон аҳли эҷод барои Ҳукумати Шўравӣ як қудрати бузурги идеологӣ маҳсуб мешуд: тарбия накуну рўзатро  бин! Тарбия мекардӣ. Имрўз чунин талаб нест. Умуман, сохтори капиталистӣ  ба ин эътибор намедиҳад.  Модом ки талабот нест, насли адабӣ ё илми дурахшон ҳам пайдо намешавад.

Соли 2015

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *