Сатторов: Муҳоҷирон афв карда шаванд
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25 октябр дар як мизигирд дар чорчӯби Ҳамоиши шашуми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: зарфиятҳои ҳамкории байниминтақавӣ” дар шаҳри Маскав аз мақомоти Русия даъват кард, то тавассути як афви муҳоҷирон будубоши тамоми муҳоҷирони кории тоҷикро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.
Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС аз ин мизигирд, дипломати тоҷик изҳори боварӣ кардааст, ки чунин афви муҳоҷирон имкон медиҳад, шумораи бузурги муҳоҷирон аз Тоҷикистон будубоши худро дар Русия қонунӣ гардонанд.
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, бархе аз ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон алакай солҳои зиёде дар Русия зиндагӣ доранд: «Мо ҳамеша аз Русия дархост мекунем, ки ба ин мардум имкони дар як муҳлати муайян қонунӣ кардани будубошашон дода шавад. То ки онҳо бе ягон тарси депортатсия биоянд. Агар ин раванди афви муҳоҷирон ба роҳ андохта шавад, ба фикри ман, шумораи бузурги шаҳрвандони мо, бахусус дар шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ҳаққи қонунии будубош ба даст меоранд. Он вақт мо шумораи дақиқи муҳоҷирони кориамон дар қаламрави Русияро хоҳем донист.”
Дар ин мизигирд дар чорчӯби Ҳамоиши шашуми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: зарфиятҳои ҳамкории байниминтақавӣ” дар шаҳри Маскав муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Озод Саидзода низ мавзӯи муҳоҷиратро бардошт ва хостори ҳарчӣ зудтар ба анҷом расондани раванди баррасии тарҳи созишномаҳои байни Тоҷикистону Русия дар масоили муҳоҷират шуд. Зоҳир Саидзода гуфт, «суръат бахшидан ба баррасии ин тарҳҳо, аз ҷумла тарҳи созишномаи давлатӣ дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва баъдан имзои ин созишномаҳо имкон медиҳад масъалаи қонунӣ гардондани будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳал шавад. Ин ба манфиати ҳарду ҷониб аст.”
Ҷониби Тоҷикистон аз соли 2014 талош дорад, Русияро ба имзои як созишномаи фарогире дар масъалаи муҳоҷират моил кунад. Ин созишнома заминаи қонунии ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва таъмини нафақаи онҳоро бояд ба вуҷуд биорад.
Даъвати дипломатҳои тоҷик ба афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки вазорати корҳои дохилии Русия моҳҳои март-апрели соли 2017 як маъракаи якмоҳаи афви сифр муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро ба роҳ андохта буд. Он афви истисноӣ бар асоси тавофуқе буд, ки дар ҷараёни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2017 ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд.
Баъди он маърака мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки аз ин имкони афв тақрибан 104 ҳазор муҳоҷири тоҷик истифода бурда, будубоши худро дар Русия қонунӣ карданд.
Аммо боз ҳам ҳудуди 170 ҳазор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия боқӣ монда, ҳаққи убури марзҳои он кишварро надоранд. Барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, мисли Тоҷикистон, вуҷуди номи ҳар шаҳрвандаш дар рӯйхати сиёҳи Русия ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст. Манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик пулест, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд.
Соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ беш аз 2,5 миллиард доллар пул ирсол шуда буд. Ҳар сол, бино ба ҳисобҳо, беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Муҳоҷирони тоҷик тақрибан 11 дарсад аз артиши 10-миллионнафарии муҳоҷирон дар Русияро ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ