Савдогарони беинсофро чӣ интизор аст? Суҳбати Рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Мирзо
Ҳамасола дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон савдогарони бозорҳои кишвар нархи молу маҳсулоти хешро чанд маротиба боло мебаранд. Сокинони кишвар аз беназоратии масъулин ва беинсофии савдогарон шиква мекунанд.
Рӯҳонии шинохтаи кишвар Ҳоҷӣ Мирзо Имронов дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки тоҷири мусалмон набояд худсарона аз моҳи шарифи Рамазон сӯистифода кунад ва нархи маҳсулоташро боло барад. Номбурда ба саволи хонандаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чунин посух додааст.
Акмал Сафарбеков аз ноҳияи Ҳисор аз рӯҳонӣ Ҳоҷӣ Мирзо суол кардааст:
“Ҳар сол баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарҳо нарху наворо якбора ба осмони ҳафтум мебардоранд. Магар дар назди Худованд ҷабр кардан ба кисаи мардум гуноҳ нест?
Ҳоҷӣ Мирзо посух медиҳад:
— Албатта, гуноҳ аст. Дар моҳи Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад.
Моро дар Телеграм пайгирӣ кунед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ