Савдои Тоҷикистон ба 6 миллиарду 350 миллион доллар расидааст
Дар Тоҷикистон аз афзоиши содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар хабар доданд.
Давоми соли 2021 гардиши савдои Тоҷикистон ба 6 миллиарду 350 миллион доллар расидааст, ки 39,5 фисад дар қиболи соли 2020 зиёд будааст.
Шавкат Бобозода — роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон дар ин бора зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба хориҷ ба маблағи 2149,6 миллион доллар молу маҳсулоти ватанӣ содир шудааст, ки нисбат ба як соли қаблияш 52,2 дарсад зиёд мебошад.
Содироти Тоҷикистон маҳсулоти саноатӣ буда, маблағи он ба 2 миллиарду 17 миллион доллар расидааст.
Сатҳи афзоиши содирот 686,1 миллион доллар ва ё 51,5 дарсадро ташкил додааст,- мегӯяд Sputnik.
41,7 фисади содироти Тоҷикистонро сангҳои қимматбаҳо ташкил медиҳад,- мегӯяд Агентӣ.
Содироти боқимонда Тоҷикистон алюминий, пахта, семент, сурама, риштаи пахта будааст.
Ин ниҳод мегӯяд, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 208,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 79 ҳазор тонна ва ё 60 фисад афзудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ