Савганди сархӯрон ба ДОИШ
Вебсайти “Аъмоқ”, як минбари таблиғотии гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ навореро нашр кард, ки дар он чаҳор нафаре, ки ба куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара муттаҳам мешаванд, ба номи Абубакр ал Бағдодӣ раҳбари ДОИШ савганд ёд мекунанд.
Пештар аз нашри ин видео гурӯҳи Давлати исломӣ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.Дар ҳамла ба гурӯҳи 7 нафарии дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рӯзи 29-уми июл чаҳор нафар кушта шуданд ва 3 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар видео панҷ нафаре дида мешаванд, ки вазорати умури дохилӣ субҳи имрӯз аксҳои ҷасади баъзе аз онҳоро дар вебсайти худ нашр кард.Дар видео Ҳусейн Абдусамадов дида мешавад, ки бо русӣ сӯҳбат мекунад ва ба гуфтаи мақомот, дар боздошт аст. Дигарӣ Ҷаъфариддин Юсупов аст, ки акси ҷасади ӯро дар вебсайти вазорат нашр кардаанд ва гуфтаанд, ки онҳо ҳангоми муқовимат ба маъмурони амниятӣ кушта шуд.Дар ин навор гурӯҳи 5 нафар зери парчами сиёҳи гурӯҳи ДОИШ нишастаанд ва манзарае ки дар навор дида мешавад, шабеҳи баландие дар болои обанбори Норак аст. Видеоро рӯзи 31-уми июл нашр карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ