Савоби рӯзадор ва гуноҳи рӯзахӯр аз забони Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо Имронов — руҳонии шинохтаи кишвар дар мавриди фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон суҳбат карда, савоби рӯзадорон ва аздастдодаҳои рӯзахӯронро зикр кардааст.

Ин руҳонии шинохта бо хоҳиши сокини ноҳияи Айнӣ Ҳасани Ниёзбоқӣ дар мавриди савобҳои рӯзадорӣ гуфтааст:

— Рӯза гирифтан фоидаҳои фаровон дорад. Рӯза инсонро ба сабр кардан одат медиҳад ва дарси парҳезкориву тақводориро меомӯзад. Одами рӯзадор Худовандро ҳозиру нозир ва барои ризои Офаридгор аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ карда, савоби фаровон мегирад. Дар Рамазон шарру фасод кам мешавад. Рӯзадорӣ боиси покизагӣ ва тақвияти узвҳои ҳозима мегардад. Тӯли рӯз гуруснаву ташна гаштан, ҳамчунин, боиси обшавии равғани зиёдатии бадан мегардад. Мувофиқи ҳадиси Расули Акрам (с), касе, ки ба рӯзадоре таом диҳад, монанди он рӯзадор савоб хоҳад гирифт. Абӯубайда (р) мефармояд: «Ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки рӯза сипар аст. Бо воситаи сипар инсон дар вақти муқобила бо душман аз зарби ӯ эмин мемонад ва ҳамчунин, ба воситаи рӯза инсон аз бадии шайтонҳо ва оташи дӯзах эмин мемонад. Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки «Райён» ном дорад. Рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд”.

Ба саволи донишҷӯ Мастура бошад, дар мавриди “Ба касоне, ки рӯза намегиранд, фардои қиёмат Худованд чӣ ҷазоро раво мебинад?”, Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст:

— Рӯза надоштан дар қатори намоз нахондан, зино кардан, падару модарро ҳурмат накардан аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Касе, ки ин гуноҳро содир мекунад, дар пешгоҳи Парвардигор фардо мавриди иқоб қарор мегирад. Азизони Худо мегӯянд:

Надорӣ тоқати як захми сӯзан,

Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан?

Худованд онҳоеро, ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд, азоби алим мекунад. Инсон бояд худаш хулоса барорад: ман, ки тоқати як хори дар поям халидаро надорам, ба ҷазои Худованд чӣ гуна тоқат хоҳам кард?!

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *