Савринисо Сабзаалиева аз чӣ афсӯс мехӯрад?
«Қариб 10 сол боз бекорам» — мегӯяд ҳунарпеша
Савринисо Сабзаалиева… Қомати баланд чун сарв, овози марғуладор, абрӯвони камоншакл, чашмҳои калон-калону нигоҳи маънидор, айнак ва мӯйи болобардошта… Ин ном ва ин симо барои ҳамаи Тоҷикистон ошност. Ӯ нафарест, ки дар санъати тоҷик, симои худ, мавқеи худ ва нақши худро гузоштааст. Аммо вақти охир гӯё хомӯширо ихтиёр кардааст. Рӯйи саҳна нест, дар борааш кам менависанд, фақат гоҳ- гоҳ тариқи оинаи нилгун пайдо мешавад… Барои ифшои асли ин хомӯшӣ эшонро ба мусоҳиба хондем ва нахустсуоламон ҳам доир ба кору рӯзгори феълии эшон буд.
-Рости гап, ҳозир қариб ки руйи саҳна нестам. Фақат дар намоишномаи «Муҳаббат», ки аз тарафи ҷавонони театр ба саҳна гузошта шудааст, нақши модарро мебозам. Чанд вақт дар консерваторияи миллӣ кор мекардам, аммо аз он ҷо рафтам. Дар назди театри лӯхтак як студия фаъолият мекунад, бо номи «Сомониён», ки дар он ҷо аз маҳорати актёрӣ ва маданияти театр ба кӯдакон дарс мегӯям. Ба чорабиниҳои гуногуни давлатӣ, иду ҷашнвораҳое, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ мешаванд, даъват мешавам. Ба наздикӣ бахшида ба соли ҷавонон, дар як намоишнома ба нақши модар овоз додам.
Намоишномаи «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадоев. Савринисо Сабзаалиева дар нақши Малика ва Нигина Амонқулова дар нақши Нигина.
-Шумо дар синну сол ва ҳолате ҳастед, ки давраи авҷи эҷодиётатон мебошад. Аммо мегӯед, ки қариб, ки дар рӯйи саҳна нестед, сабаб чист?
— Айни ҳол театр бештар намоишномаҳоро ба саҳна мегузорад, ки барои мо нақши муносиб нест. Драматургияи мо мутаассифона хело суст аст ва асарҳои пешниҳод мешавад, ки ҳам суст ва ҳам дар он нақшҳои хуби ба синну соли мо мувофиқ пайдо намешавад. Мо баъзан худамон даъво мекунем, ки ба мо нақш диҳед, зеро дар паҳлӯйи ҷавонон бошему онҳо аз мо омӯзанд. Вақте ман дар курси 4-уми донишкадаи санъат мехонадам, Аслӣ Бурҳонов маро барои бозидани нақши Нигина дар намоишномаи «Рӯдакӣ» даъват карданд. Ман аллакай аз курси 4 ҳамроҳи коллектив дар театр кор мекардам. Он солҳо албатта, муҳити театр дигар буд, репертуар ҳам бой буд. Мо дар паҳлӯйи устодонамон Тӯҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов Ато Муҳамадҷонов, Хайри Назарова, Марям Исоева, Фотима Ғуломова истода ҳунарманд шудем. Имрӯз ҷавонон низ бояд дар паҳлӯйи мо бошанд.
— Миёни ҳунармандони ҷавони театри шумо, ҳастанд нафароне, ки ба онҳо умед баста, ояндаи санъатро ба онҳо бовар карда шавад?
— Албатта, зиёданд. Чанд рӯз пеш «Хирс»-и Чеховро ба саҳна гузошта буданд. Ҳамагӣ чор ҷавон, аммо бисёр спектакли олӣ баромад. Ба ҷавонон шароиту фазои эҷодӣ додан лозим, миёнашон болаёқатҳо зиёданд.
— Охирин нақши барҷастаи Шумо дар театр чӣ буд.
-Дар намоишномаи «Темурмалик», завҷаи ӯро бозидам. Бовар мекунед, ин нақш барои худам бисёр писанд буд, ҳангоми иҷрои он лаззат мебурдам. Тамошобин низ онро хело хуб қабул кард, аммо аз ин намоишнома 6-7 сипарӣ шуд.
-Яъне 6-7 сол боз шумо дар театр нақши ҷиддӣ наофаридед?
— Беле, бубинед, ман қариб 10 сол боз бекор… Ман акнун нав театрро омӯхтам, ба гуфти шумо давраи авҷи эҷодиам, аммо бекор… Режисёрҳо аз гирифтани асарҳои калон парҳез мекунанд. Намедонам, зӯрашон намерасад, талабот нест ё баҳона мекунанд?
-Дар Тоҷикистон режиссёри хуб ҳаст?
— Режиссёри мо Давлат Убайдуллоев хело режисёри хуб аст, агар ба ӯ шароити лозимӣ фароҳам оварда шавад, метавонад корҳои наҷибе кунад, зеро ӯ метавонад. Баъдан собиқ ҷонишини вазири фарҳанг, Обидҷон Назаров, ки ба наздики сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе таъин шуд. Ман мехостам, ки ӯ омада дар театр кор кунад, зеро ҳам режиссёри хуб асту ҳам актёри бомаҳорат. Агар ӯ дар театр кор кунад, фоидааш ба театру санъат бештар мерасид, зеро ҷойи ӯ дар театр холист. Ман умуман зидди онам, ки ҳунарманд дар идора шинад вай бояд чун ҳунарманд кор кунад.
— Бубинед, ки театри мо моломоли мушкилот аст ва мову шумо нохоста дар арафаи рӯзи модарон ҳам аз мушкилоти он ҳарф мезанем. Аммо мехостам, ки сӯҳбатӣи мо дар бораи шумо бошад. Чӣ тавр шуд, ки шумо аз як хонавода се нафар роҳи санъатро интихоб кардед: Оят – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи опера, Соро – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шумо? Боз фарзанди шумо – самад Мансуров ҳам аз паси шумо рафт? Ин ҷо чӣ асрор нуҳуфтааст?
— Асрори санъаткор шудани мо дар муҳити олилавии мост. Бадахшонро медонед, он ҷо ҳама шефтаи мусиқиву дӯстдори санъат ҳастанд. Оилаи мо оилаи фарҳангӣ буд. Падарам мусиқӣ менавохтанду, модарам шавқу ҳаваси ҳунарманд шуданро доштанд. Ҳамин тавр аввал апаам Оят, Консерваторияи Маскавро хатм карда, дар театри Опера ва балет ба кор даромад. Аммо ба санъаткор шудани ман падарам зид буданд. Бо вуҷуди ин ман «ду поямро дар як мӯза монда», волидайнамаро розӣ кунонидам ва ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шудам. Донишгоҳро хатм карда, ба Хоруғ баргаштам ва дар мактаби мусиқии он ҷо ба шогирдон дарс додам. Аммо орзуи гирифтани маълумоти олиро доштам. Бинобар ин боз ба Душанбе баргашта ба Донишкадаи санъат дохил шудам ва аз соли 1973 дар театри Лоҳутӣ кор мекунам. Санъаткаор шудани Соро ногаҳонӣ сурат гирифт. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ҳуҷатҳояшро ба Институти омӯзгорӣ супорида буд. Ҳамон сол намояндагони ВГИК ба Душанбе омада, аз Тоҷикистон довталаб мебурданд. Яке аз намояндагон Сороҷонро, ки хело ҷавону зебо ва чаққонак буд, мебинад ва ӯро даъват мекунад. Дар ибтидо ӯ розӣ набуд, аммо Ҳабибулло Абдураззоқов ӯро розӣ кунониданду ӯ донишҷӯ шуд. Баъди хатм онҳоро дар киностудия кор нагирифтанд, бинобар ин онҳо ба театрҳо тақсим шуданд. Ва Соро то имрӯз дар театри Лоҳутӣ кор мекунад.
Оят Сабзаалиева, сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Соро Сабзалиева, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Самад Мансуров Ҳунарманди кинову театри Русия
— Писаратон Самад Мансуров чаро аз пайи шумо рафт. Ӯро маҷбур кардед ё таъсири муҳит буд?
-Тақдири Самад ба Сороҷон монанд аст. Ӯ баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Институти ҳавонаварди Фрунзе супорид. Курси дуро хатм карда, Душанбе омад. Ҳамон сол Артисти халқии СССР Сергей Фёдорович Бондарчук тариқи озмун барои ВГИК донишҷӯ қабул мекард. Самад аз озмун гузашт. Дар ибтидо ман зидди тасмими ӯ баромадам, аммо майлу хоҳишашро дида, маҷбур розигӣ додам. Филми аввалинаш «Кармелита» буд. Баъди тамошои он ман фаҳмидам, ки ӯ ҳунарманди хуб мешавад. Самадҷон зиёд меҳнаткаш аст. Ҳам дар театр кор мекунад, дар филмҳо нақш меофарад, илова бар ин дар Мосфилм дар дубляжи филмҳо ширкат меварзад. Дар барномаҳои телевизионӣ ҳам эпизодҳоро иҷро мекунад.
-Театр деги ҳамеша ҷӯшон аст. Зиддият, рақобат, ихтилоф миёни ҳунармандон зиёд ба назар мерасад. Ҳамин чиз миёни шумо ва хоҳаратон Соро ҳаст?
-Дар ҳаёт не, аммо дар нақшҳо бале. Масалан дар «Темурмалик» ман завҷаи Темурмаликро мебозаму ӯ маҳбубашро. Ё дар филми «13 солу 3 моҳ» мо нақши қудоро мебозем. Духтари Соро келини ман аст. Дар он ҷо як саҳна ҳаст, ки мо ба ҳамдигар гапҳои пасту баланд мегӯем. Аммо дар ҳаёт мо на ба якдигар, на ба дигарон бахилӣ намекунем ва зиддият надорем. Ин корро ҳунарманде мекунад, ки лаёқаташ паст аст. Ман вақте нақш мегирам, аз Соро маслиҳат мепурсам, зеро ӯ аз мактаби режиссёрҳои боқувват гузаштааст.
— Шумо як шахсияти шинохта ҳатстед, тамоми Тоҷикистон шуморо мешиносад. Инсони шинохта будан дар ҷомеаи чӣ тавр аст?
-Бозор меравед, як сум ним сум арзон мекунанд (механдад). Модари бузургвори ман боре гуфтанд, ки ту ҳунарманд шудӣ, мухлис дорӣ, туро мешиносанд, вақте кӯча мебароӣ, бояд либосҳоят тамиз, мӯйи сарат ба тартиб оварда шуда бошад, зеро мардум ба ту нигоҳ мекунанд. Шинохта будан, масъулияти бузург дорад.
-Ҳунарманд будан, шинохта будан дар зиндагии шахсӣ чӣ таъсир мерасонад?
-Зани ҳунарманд аз як ҷиҳат хело хушбахт аст. Аз ҷиҳати дигар худро ба оила бахшида наметавонад. Сафарҳои эҷодӣ, банаворгирии филмҳо моҳҳто тӯл мекашанду ӯ аз оила дур мешавад. Бинобар ин мегӯянд, ки занони ҳунарманд бешавҳар мемонад.
— Шояд ҳамин ба зиндагии шахсии шумо халал ворид кард?
-Шояд…
-Пушаймонед?
— Аз як ҷиҳат ҳа. Ман бояд се- чор фарзанд таваллуд мекардам… Аммо дар ҷавонӣ фикр накардам, ки одам дар пирӣ танҳо мемонад.
-Шумо танҳоед?
-Танҳоям, чунки фаразандам дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ман ҳоло Худо ба шукр ба худам нигоҳубин карда метавонам, аммо одам пириро фикр мекунад.
-Чаро ба Маскав, ба назди фарзанду набераатон намеравед?
-Ман аз Душанбе рафтан намехоҳам. Маскав барои тамошо рафтану писараму наберамро дидан, мукин, аммо зиндагии Маскав барои ман бегона аст. Ман афтсӯс намехӯрам. Зиндагии ман чи тавре дар тақдирам буд, чунин шуд. Танҳоиро эҳсос намекунам, дар ҷарёни зиндагӣ ҳастам, мехонам, ба корҳои хона машғул мешавам, чорбаиниву маъракаҳо меравам. Аммо баъзан соатҳо фикр мекунам…
-Бештар дар бораи киҳо фикр мекунед?
-Бештар дар бораи Самадҷон. Ҳамчун ҳунарманд, дар бораи устодон.
-Масалан дар бораи киҳо?
— Бисёртар дар бораи Фаррух Қосимов. Чӣ қадар спектаклҳои нағз сохта будем. Ӯ режиссёре буд, ки дар саҳна фазои театрӣ месохт. Ҳунарманд аз дунё фориғ шуда, худро ба театр мебахшид, қурбон мекард. Дар бораи Аслӣ Бурҳонов, Хушназар Майбалиев ёд мекунам ва афсӯс мехӯрам. Вақтҳои охир аз ҳама зиёд дар бораи Тӯҳфа Фозилова ва як суханашон фикр мекунам. Он кас ба ман маслиҳатҳои зиёд додаанд. Як маротиба ҳангоми сӯҳбатамон гуфтанд, ки «Саврӣ ту ба театр дер омадӣ». Ман то ҳол сари ҳамин ҷумла фикр мекунам, ки Тӯҳфа-ойтӣ чӣ мехостанд!?
-Шояд он кас аллакай эҳсос карда буданд, ки театр шукуҳу шаҳоматашро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад, ҳунармандро дигар қадр намекунанд…
-Шояд…
-Баъзеҳо шуморо ба эшон монанд мекунанд.
-Ман ҳам зиёд шунидаам. Солҳои пеш нақши Маликаро дар намоишномаи «Рӯдакӣ» он кас мебозиданд ва ин солҳо ман бозӣ кардам. Як рӯз баъди намоиш Тамаро Абдушукурова гуфтанд, ки ман ба саҳна нигоҳ кардаму якбора Тӯҳфа Фозиловаро дидам. Эҳтимол монанд бошем, зеро ман аз эшон бисёр чиро омӯхтаам. Фозилова дар саҳна оташ буд…
— Шумо дар баробари театр дар филмҳои зиёд ҳам нақш бозидаед. Теъдодашон чанд аст?
-Тақрибан 30-40 то.
-Ба шумо нақш бозидан дар кино писан даст ё дар театр?
-Ҳардуяш, аммо киноро бештар меписандам. Зеро кино барои шинохта шудани ҳунарманд нақши калон мебозад. Баъдан кино барои фарзандону набераҳо ёдгор мемонад.
— Дар ҳоли ҳозир кадом нақшро бозӣ кардан мехостед?
-Зиёд мехостам, ки «Модарнома»-и Лоиқро ба саҳна гузорам. Ман тамоми модарномаҳоро варақ зидам, аммо «Модарнома»-и Лоиқ ба дилам наздиктар аст. Ҳар рӯз дар бораи он фикр мекунам. Мехоҳам саҳна зебо оро дода шуда бошаду, садои мусиқӣ бо гиряи кӯдак танин андозад. Ҷое шеър хонаму ҷое рубоб навозам, ҷое суруд хонам. Ва бо ҳамин тамоми дарду алам ва орзую ормони модарро, модари тоҷикро ба тамошобин нишон диҳам, аммо барои ин режиссёри хуб лозим аст. Намедонам, ки ин орзуям амалӣ мешавад ё не. Ва боз мехоҳам ки дар ягон асари Чехов нақш офараму ба воситаи он фикр ронам ва мақсади нависандаро ба тамошобин расонам…
-Муаллима, ташаккур барои сӯҳбат. Иди модаронро ба шумо табрик мегӯям ва орзу дорам, ки дар наздиктарин фурсат шуморо рӯйи саҳна, шеърхону, сурудхон ва рубобнавоз дар нақши модар бинем…
-Кошки…
Мусоҳиб Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ