Сайди ғайриқонунии моҳӣ
Рӯзи 19-уми январи соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи “Чорбоғ”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ марди 56-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ дастгир карда шуд.
Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсиии номбурда тамғаи “Мерседес-Бенс-Вита”, аз дохилаш 637-дона моҳии “Зандол” (судак), ки аз вилояти Суғд ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст, дарёфт ва гирифта шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе таҳти №06 аз 21-уми январи соли 2019, зарари ба табиат расонидашуда 35 ҳазору 35-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқот идома дорад.
ВКД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ