Саймумин Ятимовро президенти Афғонистон қабул кард

Як ҳайъати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба роҳбарии раиси ин кумитаи Саймӯмин Ятимов рӯзҳои 7-9 май аз шаҳри Кобул боздид карда, бо мақомоти амниятии Афғонистон масоили мубориза бо терроризм ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир, таъмини амнияти марзи байни ду кишвар ва дигар масоили амниятиро баррасӣ кардааст.

Ҳайъати Тоҷикистонро президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ ба ҳузур пазируфтааст. Ҳайъати КДАМ ба раҳбарии генерал-полковник Саймӯмин Ятимов дар Кобул бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии Афғонистон, аз ҷумла бо Раиси Раёсати умумии амнияти миллии ҶИА Муҳаммад Маъсум Станикзай, Вазири мудофиа Баҳром Торуқшоҳ, Вазири корҳои дохилӣ Аҳмад Вайс Бармак ва мушовири Президенти ҶИА оид ба масъалаҳои амниятии ҶИА Ҳаниф Атмар мулоқоту гуфтушунид кардааст.

Дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, таъмини амнияти сарҳади давлатӣ миёни ҳарду кишвар, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин паҳлуҳои дигари таъмини амният дар минтақа баррасӣ шуда, мувофиқаҳои зарурӣ ҳосил гардиданд.

Сафари ҳайъати КДАМ ба Кобул дар пасманзари нигарониҳои афзояндаи мақомоти Тоҷикистон аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон, бахусус дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи шимоли он кишвар сурат гирифтааст.

Як мояи нигаронии мақомоти Душанбе қочоқи маводи мухаддири «афғонӣ” – ҳероин, афюн ва ҳашиш – тавассути марзи муштараки байни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки 1344 километр тӯл дошта, ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш ва заъфи нирӯҳои марзии Тоҷикистон ҳифозатикомилаш аз имкон берун аст. Мояи дигари нигаронии Душанбе афзоиши ҳузури гуруҳҳои ҷангҷӯ, аз ҷумла ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар манотиқи наздик ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аст.

Дар тӯли моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ дар марз бо Афғонистон 7 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 3 қочоқчӣ кушта ва 10 тани дигар дастгир шудаанд. Дар семоҳаи аввали сол марзбонони тоҷик асосан дар марз бо Афғонистон 5 мил силоҳ, 486 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 236 кило ҳашиш, 131 кило афюн, 46 кило ҳероин ва 125 кило прекурсорҳои кимиёвӣ, ки барои тавлиди маводи мухаддир истифода мешаванд, ёфт ва мусодира шудаанд.

Ҳафтаи гузашта Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе гуфт, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, 6 ҳазору 825 ҷангҷӯи ҳирфаии террорист дар як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан намояндагони миллатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷой дода шудаанд. Ба гуфтаи генерали тоҷик, ҷунбиши Толибон алакай 29 пойгоҳу тамрингоҳи худро аз ҷануби Афғонистон ба шимол, ба манотиқи наздики марз бо Тоҷикистон кӯчондааст ва ин раванд идома дорад.

Ҷунбиши Толибон иддао дорад, ки ҷангаш фақат бо ҳукумати кунунии Афғонистон ва нирӯҳои эътилоф буда, қасди таарруз ба хоки кишварҳои ҳамсояро надорад. Аммо ДОИШ таъсиси «хилофат”-и воҳиди исломӣ дар сарзаминҳои мусулмоннишинро ҳадафи асосии худ эълон карда, қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Афғонистону Покистон ва шарқи Эрон шомили ба ном «вилояти Хуросон” кардааст. ДОИШ азмаш барои кушодани як ҷабҳаи нави ба ном «ҷиҳод” дар самти Осиёи Марказиро пинҳон намекунад.

Аммо муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико Ҳенри С. Эншер рӯзи 3 май дар суханрониаш дар анҷумани байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Душанбе иддаоҳо дар бораи гӯё баъди шикасти ДОИШ дар Сурияву Ироқ аз он ду кишвари ҷангзада ба Афғонистон рехтани сели ҷангҷӯёнро зери суол гузошт ва гуфт, » бо вуҷуди нигарониҳо аз он, ки комёбиҳо дар ҷанг алайҳи ДОИШ дар Сурия ва Ироқ ба он оварда мерасонад, ки миқдори ҷанговарон дар Афғонистон афзоиш меёбад, Иёлоти Муттаҳида ҳаракати ҷараёни ҷанговаронро аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон, чуноне ки баъзеҳо мепиндоранд, мушоҳида накардааст.”

Ҳенри Эншер таъкид кард, ки ҳукуматҳо набояд бо афзоиши фишор ба озодиҳои мардум ба осиёби гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ худашон об бирезанд. Дипломати баландпояи амрикоӣ гуфт, таҳқиқоти анҷомшуда ҳокист, ки фишору маҳдудиятҳое, ки ҳукумат нисбат ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва динӣ эҷод менамояд, боиси норозигии зиёд байни аҳолӣ мегардад ва аз ин вазъият гурӯҳҳои террористӣ ва гурӯҳи «Вилояти Хуросон», истифода мебаранд: «Ҳимоя ва пешбарии ҳуқуқҳои инсон ва имкониятҳои шаҳрвандон ба таври осоиштаву сулҳомез, пайравӣ кардан ба эътиқоди динии худ бидуни дахолати ҳукумат, стратегияҳои аз ҳама самаранок маҳсуб меёбанд.”

Моҳи апрел мақомоти амниятии Русия эълон карданд, ки аз ҳамкорони худ дар Тоҷикистон дар бораи аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон гузаштани ҳудуди 8 ҳазор ҷангӣ иттилоъ гирифтаанд. Русия қаблан ҳам барои тавҷеҳи тамосҳои худ бо Толибон ва кумакҳояш ба ин созмон зарурати тақвияти мубориза алайҳи густариши ҳузур ва нуфузи ДОИШ дар Афғонистонро далел меовард. Аммо Амрико мегӯяд, ки Русия барои тавҷеҳи робитаҳояш бо Толибон дар бораи ҳузури густардаи ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон воҳима мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *