Саёҳи латвиягӣ: Мардҳои тоҷик зан не, ғулом мехоҳанд?!
Лаурис Упитис як саёҳи латвиягӣ, ки қариб ҳар сол барои истироҳат ва тиҷорат ба Тоҷикистон меояд, бобати мушоҳидаҳояш аз сафарҳои ба Тоҷикистон намудааш ба хабарнигори « Tajikistantimes.tj» чунин ибрози ақида намуд:
— Тоҷикистон албатта аз ҷиҳати иқлим мамлакати хушбоду ҳаво ва мардуми меҳмоннавузу муҳрубоне дорад. Инро кассе дар ягон гӯшаю канори дунё инкор карда наметавонад. Зеро ҳар кассе, ки ба Тоҷикистон меояд, ҳатман аз меҳмоннавозии тоҷикон мутаассир мегардад ва бо худ бардошти хуберо ба ватанаш мебарад.
Бобати зиндагию одобу рафтори тоҷикона ҷаноби Упитис чунин гуфт:
— Ба ман одоби занони шумо писан даст. Шарми ба худ хоса, эҳтироми бузургашон нисбати шавҳар боиси таҳсину офарин аст. Бобати ҳунари кадбонугии эшон ман хомӯширо авло медонам, чун пинҳон нест, ки кули занҳои тоҷик дар пухтани хӯрокҳои гуногун ҳамто надоранд.
Аммо Лаурис Упитис бобати интихоби ҳамсар ва муносибати мардҳои тоҷик бо занҳояшон изҳори нигаронӣ намуда гуфт:
«Ман хеле мутаассифам, ки мардҳои шумо нисбати занҳояшон хеле ноҳурматӣ ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо дуруштӣ ҳам мекунанд. Бубинед, ҳадди ақал камтарини эшон «Дар ислом бисёрзанӣ иҷозат аст» гӯён орзуи зани дуюмро мекунанд. Аммо он чӣ, ки дар Қуръон бобати манзалати зан, ҷазои дар асоси беҳурматию хиёнат ба зан аз ҷониби Оллоҳ пешбинӣ шударо пушти сар мегузоранд. Эшон ҳамеша аз бартарияти мақоми шавҳар назди зан гуфта, бобати афзалияту ҷойгоҳи зан дар Ислом ҳатто тасавурот надоранд ё он ҳақиқатро пазируфтан намехоҳанд».
Ӯ ақидаи « Зани нохонда гирем беҳтар аст, зеро ақлаш ба ҳар чиз намерасад»- и «тоҷикҷавонони нав»- ро комилан фикри беақлонаю пуч хонда гуфт:
« Чунин ба назар мерасад, ки ҷавонони қарни 21- и тоҷик барои худ зан не, балки ғулом гирифтан мехоҳанд. Бале, дуруст аст, ки зани аз донишу савод ва мактаби оли монда, аз ҷамъият қафо мондааст ва ҳар чизи замонавиро «ақлаш намегирад». Аммо ин чи манфиате дорад барои мард?! Танҳо ба он хотир, ки мард метавонад, ки соатҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ нишаста, бо духтарон гап занад? Ё он ки мард то нимаҳои шаб ба «тарафи чап» мегардаду ба занаш дурӯғ мегӯяд, ки дар кор будам?! Танҳо барои ҳамин зани нохонда даркор аст?! Пас ояндаи фарзандон чӣ мешавад? Зани нохонда оё метавонад фарзанди шуморо дар рӯҳияи сохтори мутарақии замон тарбия намояд? Оё зани нохонда метавонад, ки дар тайёр намудани дарсҳои забони русию англисии фарзандони шумо саҳм гузорад? Оё зани нохонда метавонад, ки фарзандонатонро ба ҷойи беҳуда дар кӯчаҳо гаштан сари мизи кори нишонда, аз дастовардҳои илму техника бархурдор намояд? Не! Ин тоифа занон ҳеҷ гоҳе заминае барои дониши ҷаҳонӣ гирифтани фарзандони шумо гузошта наметавонанд. албатта ҳар модар нисбати либосу хӯроки шавҳарашу фарзандонаш бетафовут буда наметавонад, аммо охир зиндагии қарни 21 аз хӯрдану пӯшидан танҳо иборат нест-ку! Дар ҷаҳони навин бояд аз дастовардҳои илм бохабар буд».
Ин суханони як саёҳи латвиягӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки раиси кумитаи занон низ аз «дар орзуи зани дуюм» будани мардҳои мо изҳори нигаронӣ намуда, беҷуратии эшонро арза намуда буд. Албатта ҳар кассе ба акидаи шахсияш ҳуқуқ дорад, аммо ин танҳо як назари саёҳ буд. Шояд назари худи мардҳои тоҷик алорағми ақидаҳои Лаурис Упитис бошад? Кӣ медонад…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ